Шаҳодати фармондеҳи аршади ҷабҳаи муқовимати Фаластин

Ҷабҳаи муқовимати Фаластин аз ба шаҳодат расидани як фармондеҳи аршади худ дар ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза хабар дод ва Вазорати тандурустии Фаластин теъдоди шуҳадои ин ҳамларо 32 нафар эълон кард.

Субҳаи имрӯз (якшанбе) пайкарҳои 8 шаҳиди фаластинӣ аз ҷумла Холид Мансур, фармондеҳи минтақаи ҷанубии Сароё Ал-қудс, яке аз шохаҳои ҷабҳаи муқовимати Фаластин (Ҷиҳоди исломӣ) аз зери харобаҳо берун кашида шуд.

Вазорати тандурустии Фаластин аз афзоиши шумори шуҳадо ба 32 нафар аз ҷумла 6 кӯдак ва афзоиши теъододи маҷрӯҳон ба 215 нафар хабар дод.

Ҷиҳоди исломӣ ва шохаи низомии он, Сароё Ал-қудс дар баёнияе шаҳодати шуҳадои ин ҳамла аз ҷумла фармондеҳи аршад ва ду тани дагар аз неруҳои худро таслият гуфт.

Дар ин баёния омадааст, ки хуни фармондеҳ шаҳид Холид Ал-мансур набарди дифоъ аз Қурд ва Масҷидулақсоро шуълавартар хоҳад кард.

Холид Мансур узви Шӯрои низомии Сароё Ал-қудс ва фармондеҳи минтақаи ҷанубии ҷабҳаи муқовимати Фаластин буд, ки пештар ҳам Исроил чандин бор дар террори вай номуваффақ буд.

Холид Мансур нақши муҳимме дар тавсеаи инфрасохторҳои низомии Ҷиҳоди исломӣ ба вижа дар заминаи сохти мушак дошт.

ИсроилФаластинҷабҳаи муқовимати ФаластинҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment