Имзои санади ҳамкории ниҳодҳои сиёсии Тоҷикистону Чин то соли 2024

 Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз имзои барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатики кишвар ва Чин барои солҳои 2023 ва 2024 хабар додааст.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон аз имзои барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатики кишвар ва Чин барои солҳои 2023 ва 2024 хабар додааст.

Дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Ван И,вазири корҳои хориҷаи Чин, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, барномаи ҳамкорӣ байни ниҳодҳои дипломатики ду кишвар ба имзо расид.

Дар ин дидор бахши густардае аз ҳамкориҳои дуҷониба, иҷрои тавофуқҳои сарони ду кишвар дар ҳошияи бозиҳои олимпии замистони дар Пекин, масоил амният минтақае, вазъият ва дӯрнмои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазирони хориҷаи Душанбе ва Пекин дар мавриди масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ аз ҷумла Созмони Милал, Созмони Ҳамкории Шангхай ва ҳамчунин дар чорчӯби нишасти «Осиёи Марказӣ + Чин» табодули назар карданд.

Дар ин дидор дар мавриди идомаи тақвияти равобит дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва беҳдоштӣ, ҳамчунин дар заминаи мубориза бо бемории ҳамагири коронавирус тавофуқҳое ҳосил шуд.

Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Чин ҳамчин дар маросими ифтитоҳияи маркази омӯзиши ҳирфаии Тоҷикистон ва Чин бо ном «Лиубон» ва дар маросими таҳвили 5 миллион вояи воксинаи коронавирус ширкат карданд.

Вазорати хориҷаи ТоҷикистонДушанбеСироҷиддин МуҳриддинТоҷикистонЧин
Comments (0)
Add Comment