Сафари расмӣ; ташрифи вазири хориҷаи Чин ба Тоҷикистон

Ван И, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сафари расмӣ  вориди шаҳри Душанбе шуд.

Ван И, узви Шӯрои давлатӣ ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин шоми 31-уми август бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷӣ пешвоз гирифт.

Интизор меравад, ки имрӯз, 1 август дар доираи сафар Ван Иро, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба ҳузур пазиранд.

Ҳамчунин, мулоқоти ӯ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар назар аст.

ТоҷикистонЧин
Comments (0)
Add Comment