Иттиҳодияи Аврупо ва паёмадҳои таҳрими газии Русия; зарурати дар пеш гирифтани сиёсати нав

Карл Нехмер – садри аъзами Австрия изҳор дошт, ки таҳрими гази Русия дар Иттиҳодияи Аврупо ба сабаби вобастагии шадиди кишварҳои Иттиҳодия ба энержии Русия ғайри мумкин аст.

Карл Нехмер тасреҳ кард ки вобастагии Олмону Австрия ба гази Русия таҳрими Иттиҳодияи Аврупоро ғайри мумкин мекунад, зеро коҳиши рушди иқтисодии Олмон бар Австрия низ таъсир мегузорад ва мунҷар ба бекории густарда мешавад . Нехмер ҳамчунин аз кундии Иттиҳодияи Аврупо дар эҷоди механизми муштараки хариди энержӣ интиқод кард.
Виктор Орбан-нахуствазири Маҷористон низ дар конфаронси хабарӣ бо садри аъзами Австрия бар ниёзманд будани тағйири роҳбурди Иттиҳодияи Аврупо дар қиболи Русия таъкид кард. Вай ҳушдор дод, ки бо таҳримҳо наметавон Маскавро бесубот кард ва агар гомҳое барои сулҳ бардошта нашавад. Иттиҳодияи Аврупо мумкин аст бо иқтисоди ҷангӣ мувоҷеҳ шавад. Нахуствазири Маҷористон ҳушдор дод, ки агар рукуди иқтисодӣ рух диҳад.Ин амри нархи бекореро афзоиш медиҳад, ки моро бо мушкилоти ҷиддӣ аз назари суботи иқтисодӣ ва сиёсӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Эътирофи сарони Австрияу Маҷористон ба ғайри мумкин будани таҳрими гази Русия ва низ ниёзманди дар пеш гирифтани сиёсати нав дар қиболи Маскав нишондиҳандаи нокомии Аврупо дар эҷоди фишор ба Русия бо талош барои таҳрими энержии он ба вижа гази ин кишвар ва низ лузӯми бознигарӣ дар ин сиёсат аст.

Дар воқеъ Иттиҳодияи Аврупо бидуни тавваҷуҳ ба воқеъиёту илзомоти берунӣ сирфан дар ростои хостаи Амрико, ки ҳамвора бар табли душманӣ бо Русия мекубад, талоши бардавомеро барои афзоиши ҳавзаи таҳримҳои Русия ба ҳавзаи энержӣ сурат додааст. Дар шашумин бастаи таҳримии ин иттиҳодия таҳрими нафти Русия мадди назар гирифт, вале моҷаро дар бораи воридоти газӣ аз Русия комилан мутафовит аст.
Ба рағми иддаоҳои мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо ва низ бархе сарони аврупоӣ дар бораи лузӯми коҳиши вобастагӣ ба гази Русия, ки ахиран дар қолаби тарҳе барои коҳиши 15 дарсадии ин вобастагӣ тайи 8 моҳ ироа шудааст, аммо нигоҳе ба омору арқому мизони вобастагии кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Олмон, Австрия ва Маҷористон ба гази содиротии Русия нишон медиҳад, ки қатъи газ аз ҷониби Русия метавонад осори фоҷеъабори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишварҳо ба дунбол дошта бошад.

Анналена Баербок -вазири хориҷаи Олмон дар бораи бурузи нооромиҳои иҷтимоӣ дар Олмон дар сурати қатъ шудани содироти гази Русия ба ин кишвар ҳушдор додааст. Ин масъалае аст, ки садри аъзами Австрия низ ба он ишора кардааст. Зимни инки акнун короии таҳримҳо ба манзалаи силоҳе алайҳи Русия ҳатто аз ҷониби бархе сарони аврупоӣ аз ҷумла нахуствазири Маҷористон зери суол рафтааст. Ҳамин масъала муҷиби афзоиши нигаронии Вашингтон аз ақибнишинии Брюссел дар эҷоди таҳрими газии Русия шудааст.

Давлати Байден акнун беш аз ҳар замони дигаре нигарони ин масъала аст, ки камбуди гази бархоста аз коҳиши арзаи нефту газу энержии Русия ба Аврупо метавонад иттиҳоди фароатлантикӣ алайҳи Маскавро тазъиф кунад. Албатта Русия низ акнун ибтикори амалро дар ин замина ба даст гирифта ва ба ановини мухталиф мизони гази содиротӣ ба Аврупоро коҳиш дода, ки мунҷар ба камбуд ва низ афзоиши шадиди баҳои газ дар Аврупо шудааст.
Аз сӯи дигар акнун беш аз ҳар замони дигаре аз ҳангоми оғози ҷанги Русияву Украина дар феврали 2022 стратегияи Ғарб дар заминаи таҳрими Русия ва низ ироаи кумакҳои ҳангуфти низомиву таслеҳотӣ барои пирӯзии Украин дар ин ҷанг мавриди тардид қарор гирифтааст. Ғарбиҳо бар ин тасаввур будаанд, ки метавон бо таҳримҳои ҳамаҷонибаву фалаҷкунанда алайҳи Русия иқтисод ва ба дунболи он мошини ҷангии ин кишварро заъиф карда ва дар муқобил бо тақвият ҳар чӣ бештари низомии Украина ва ирсоли таслеҳоту кумакҳои низомии зиёд муҷиби тағйири мувозинаву эҷоди дасти бартар барои давлати Киев дар ҷанги кунунӣ шаванд.
Бо ин ҳол талафоту хисороти азими артиши Украина ва ақибнишиниҳои мустамари он дар муқобили Русия ба вижа дар манотиқи Донетск ва Луганск дар шарқи Украина ин ингораро зери суол бурдааст.
Виктор Орбан дар ин бора мегуяд : Украина дар ин ҷанг қодир ба пирӯз шудан нест ва роҳбурдҳои НАТО дар ҳимоят аз украиниҳо бо таълимоту таслеҳот “то ба ҳол нишон дода, ки ба пирӯзӣ хатм намешаванд”.

АврупоАвстрияГазМаҷористонмузокираНАТОнефтОлмонРусиясиёсаттанишУкраинаЭнержӣ
Comments (0)
Add Comment