Сафҳои тӯлонии бонкҳои ғизо дар Амрико ба думболи таваррум

Ба думболи афзоиши бесобиқаи нархи таваррум, бонкҳои ғизо дар саросари Амрико ба иллати афзоиши тақозо барои ғизорасонӣ ба Амрикоиҳои ниёзманд бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Fox News”, ба думболи афзоиши бесобиқаи нархи таваррум, бонкҳои ғизо дар саросари Амрико ба иллати афзоиши тақозо барои ғизорсонӣ ба Амрикоиҳои ниёзманд бо мушкил мувоҷеҳ шудаанд.

Кайл Вад, мудири бонки ғизои Атланта ба ин шабакаи хабарӣ гуфт: «ин як тӯфони комил аз тақозои боло, ҳазинаҳои боло, ҳимояти камтари давлатӣ аст. Бонкҳои ғизо ва анборҳои маводди ғизоӣ ҳақиқатан таҳти фишори зиёде ҳастанд.»

Вай гуфт: тақозо дар бонки ғизо дар соли гузашта замоне, ки маҳдудиятҳои корона бардошта шуд ва мардум ба сари корҳои худ бозгаштанд, коҳиш ёфта буд, аммо дар чанд моҳи гузашта дубора афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд: «мо афродеро мебинем, ки барои нахустин бор дар зиндагии худ ба анборҳои ғизо муроҷиа мекунанд. таварруми боло фишори зиёде ба онҳо ворид кардааст. Инҳо афроде ҳастанд, ки ба ҷои инки худашон дар саф бошанд, дар он сӯи хат буданд ва ба тавзеъи ғизо ба афроди ниёзманд кумак мекарданд.»

Гузоришҳои ахири расонаҳо ҳокӣ аз он аст, ки Атланта дар мувоҷеҳа бо афзоиши тақозо барои ғизои ройгон танҳо нест. Бонки ғизои “Бойс”, дар иёлати Айдахо гузориш додааст дарҳоли ҳозир ба 4200 нафар дар ҳар моҳ хадамот ироа медиҳад, ин дар ҳоле аст, ки ин рақам дар муддати мушобеҳи соли гузашта 2800 нафар буд.

Бонки ғизои Аллентаун дар иёлати Пенсилвания низ эълом кард, аз моҳи октябр, теъдоди хонаводҳҳое, ки дар ҳар моҳ ба онҳо хидматрасонӣ мешуд, 3 баробар шуда аст ва ин дарҳоле аст, ки аз ҳар 1800 хонавода, ки дар моҳи июл ғизо дарёфт кардаанд, 300 хонавода барои аввалин бор ба бонки ғизо муроҷиа мекардаанд.

Alameda Food Bank, дар Калифорния ахиран эълом кард, ки дар моҳи гузашта ба беш аз 1400 хонавода дар рӯз хадамот ироа медиҳад, дар ҳоле, ки дар январи имсол, танҳо 890 хонавор рӯзона ба хадамоти он ниёз доштанд.

Хабаргузории  “Ассошиэйтед Пресс”, авоили моҳи гузашта гузориш дод, садҳо хонавода дар сафи нон берун аз бонки ғизои Сент-Марям дар Финикс, иёлати Аризона истодаанд. Ин бонки ғизо дар он замон эълом карда буд, ки маркази тавзеъи он дар як ҳафта ба 4 ҳазору 271 хонавода хидмат расонӣ карда, ки 78 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.

Ба гуфтаи вайд, афзоиши тақозо барои хадамоти бонки ғизо натиҷаи мустақими афзоиши таваррум аст, ки ба болотарин мизон дар 40 соли гузашта расида аст.

Бино бар эъломи вазорати кори Амрико, қимати маводди ғизоӣ 10.4 дарсад афзоиш ёфта аст ва ин худ фишори музоафе бар бонкҳои ғизо ворид мекунад. Қимати ҳамон мизон маводди ғизоӣ, ки бонкҳои ғизо барои тавзеъ дар саросари Амрико пеш аз ҳамагирии корона мехариданд, акнун 40 дарсад беш аз ду сол гузашта аст.

Вай ба Fox News гуфт: «мо танҳо ба ворид кардани ҳамон андоза маводди ғизоӣ ба системи худ, бештар ҳазина мекунем; Мо шоҳиди ҳазинаҳои сӯхти бештар барои камазҳоямон, ҳазинаҳои болотар барои коркунонамон ҳастем. Мо бо ҳамон фишор дастмузде, ки соири машоғил таҳаммул мекунанд, мувоҷеҳ ҳастем.»

Вай таъкид кард, системи бонки ғизо ба манзури ҳимоят аз теъдод рӯ ба рушди амрикоиҳое, ки бо ноамнии ғизоӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ба кумаки давлат ниёзи мубраме дорад.

Fox NewsАмрикобонкҳои ғизотаваррум
Comments (0)
Add Comment