Омори расмии бекорӣ дар қаламрави кишвар

Ш. Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират дар бораи омори бекорӣ гуфтааст, ки расман 32,4 ҳазор нафар дар 6 моҳи аввали соли равон бекор ҳастанд

Ш. Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират дар бораи омори бекорӣ гуфтааст, ки расман 32,4 ҳазор нафар дар 6 моҳи аввали соли равон бекор ҳастанд. Тайи нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 75 ҳазор нафар ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, то ҷои кор пайдо намоянд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин бора хабар додааст, ки расман 32,4 ҳазор нафар дар 6 моҳи аввали соли равон ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Вай зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба мақомоти шуғли аҳолӣ 75 ҳазор нафар барои пайдо намудани ҷои кор муроҷиат намуданд.

Аз ин 54,3 ҳазор ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда, 32,4 ҳазор расман мақоми бекорӣ гирифтанд, илова намуд вазир.

Дар ҳамин ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамоно аз манобеи аслии таъмини тоҷикистониён ба кор ба шумор меравад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумла дар 6 моҳи соли 2022 беш аз 322,68 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишвар барои кор ба хориҷ рафтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст.

Аз ин шумора 264,6 ҳазор нафарро мардон ва 57,5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 240,59 ҳазор нафар, аз ҷумла 194,39 ҳазор нафар мард ва 46,2 ҳазор нафар зан ба Ватан баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 4,5 баробар зиёд мебошад.

Ҳудуди 90%-и муҳоҷирони кории Тоҷикистон барои таъминоти рӯзгорашон ба Русия мераванд. Ҳамзамон 5%-и муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.

бекорӣВазорати меҳнат ва муҳоҷиратШирин Амонзода
Comments (0)
Add Comment