Созишномае, ки миллиардҳо одамро аз гурӯснагӣ начот медихад

Ду рӯз қабл созишномаи боз кардани бандарҳои Украина бо ҳадафи содироти ғалла бо миёнҷигарии Сомзони Милали Муттаҳид ва Туркия миёни Русия ва Украина имзо шуд.

Пас аз моҳҳо нигаронӣ дар мавриди арзаи ҷаҳонии маводи ғизоӣ пас аз ҳамлаи моҳи феврали Русия ба Украина, қарордоди содироти ғаллаи Украина дар Туркия ба имзо расид.

Ҳақиқат ин аст, ки ғалла ба ин зудиҳо ба дасти кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо, ки барои маводи ғизоӣ ба Русия ва Украина вобастаанд, нахоҳад расид.

Русия ва Украина аз бузургтарин истеҳсолкунандагони гандум дар ҷаҳон ҳастанд. Ба гуфтаи созмони кишоварзии СММ, ҷанг дар Украина, ки тавассути ҳамлаи бедалели Русия оғоз шуд, омили асосии афзоиши 17 дарсадии қимати маводи ғизоӣ аз январ будааст ва ҷамъияти зиёдеро дар хатари гурӯснагӣ қарор додааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа гуфт, ки ин созишнома миллиардҳо инсонро аз гурӯснагӣ наҷот медиҳад. Вай гуфт, дар рӯзҳои оянда шоҳиди оғози ҳаракати киштиҳо хоҳем буд ва бисёре аз кишварҳо ҳавои тоза хоҳанд дошт.

Бонки ҷаҳонӣ дар апрели 2022 дар чашмандози бозорҳои коло тахмин зад, ки даргирӣ дар Украина боис хоҳад шуд, ки қиматҳо то поёни соли 2024 ба таври таърихӣ афзоиш хоҳанд ёфт. Ниҳодҳои байналмилалии ғизо ҳушдор доданд, ки ноамнии ғизоии шадид дар даҳҳо кишвар байни июн то сентябри 2022 мумкин аст бадтар шавад.

Бар асоси гузориш СММ дар Ховари Миёна, Лубнон, Тунис ва Либӣ ва дар Африқо Миср ва бисёре дигар ба ғаллаи Украина хело вобаста ҳастанд.

Пешбинӣ мешавад бо вуруди ғаллаи Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ, қимати маводи ғизоӣ коҳиш пайдо кунад.

гуруснагӣРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment