Барканории мақоми баҳрайнӣ ба далели даст надодан бо сафири Телавив

Манобеи расонаӣ аз барканории як мақоми баҳрайнӣ аз хонадони "Оли-Халифа", ба далели имтинои вай аз даст додан бо сафири режими палиди саҳюнистӣ дар Манама, хабар доданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, манобеи арабӣ аз ҷадидтарин иқдоми ҷадиди шоҳи баҳрайнӣ дар ростои тарғиб ва ҳимоят аз оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ хабар доданд.

Ба навиштаи рӯзномаи “Раъюл-Явм”, шоҳи Баҳрайн дар 21 июли ҷорӣ, бо судури ҳукме пас аз барканории “Мебинт Муҳаммад Оли-Халифа”, раиси идораи фарҳанг ва осори бостонии ин кишвар, “Халифа ибни Аҳмад ибни Абдуллоҳ Оли-Халифа”-ро ба унвони ҷойгузини вай, муаррифи кард.

Дар идомаи ин гузориш омада аст; Ин дар ҳоле аст, ки “Мебинт Муҳаммад Оли-Халифа”,, вазири собиқи фарҳанги Баҳрайн, беш аз 20 сол дар ин ҳавза фаъолият дошта ва ҳамвора шахсияти баҳсбарангезе буд. Гуфта мешавад, ки далели ин барканорӣ бо вуҷуди онки, аз аъзои хонаводаи Оли-Халифа аст, ин буд, ки дар маросиме, ки дар манзили сафири Амрико дар Баҳрайн баргузор шуда буд, аз даст додан бо сафири режими саҳюнистӣ дар Баҳрайн худдори карда буд.

Моҷаро аз ин қарор аст, ки дар 16 июл 2022, “Стивен Банди” сафири Амрико дар Баҳрайн, як маросими хатм ба муносибати фавти падараш баргузор карда ва тайи он аз бархе суфаро ва мақомоти масъул аз ҷумла “Этан Наия” сафири режими саҳюнистӣ дар Баҳрайн ва Мебинт Муҳаммад даъват ба амал оварда буд.

Дар ҳайни филмбардорӣ, як нафар, ки масъули муаррифии меҳмонон ба раиси идораи фарҳанг ва осори бостонӣ буд ва вай бо ҳар кадом аз меҳмонон пас аз муаррифӣ даст медод, замоне, ки навбат ба сафири режими саҳюнистӣ дар Манома расид, ба Мебинт Муҳаммад гуфта шуд, ки эшон, сафири Исроил ҳастанд, амре, ки мӯҷиб шуд то раиси идомаи фарҳанг ва осори бостонӣ, даст худро пас бикашад ва аз даст додан бо ин сафир худдорӣ кунад ва сипас аз манзиле, ки ба он даъват шуда буд, хориҷ шавад. Сафири Амрико низ аз сафорати худ хост, ки ҳеҷ тасвире аз ин хонуми масъули баҳрайнӣ дар маросими хатми мазкур мунташир нашуд.

Пеш аз ин низ, Мебинт Муҳаммад Оли-Халифа, аз яҳудисозии маҳаллаҳои қадимии Манома, ки шомили Бобул Баҳрайн ва хиёбони Мутанбӣ то канисаи яҳудиён воқеъ дар хиёбони Саъсаъа ибни Савҳон дар бахши қадимии Манома худдорӣ карда буд ва идораи таҳти мудирияти ӯ, аз додани муҷаввиз ба сармоягузорони яҳудии амрикоӣ барои сохти як маҳаллаи яҳудинишин бо намодҳои мухтаси ба онҳо ва ситораи Довуд ва истиқбол аз гардишгарон аз Бобул Баҳрайн то канисаи яҳудиён иҷтиноб варзида буд.

БаҳрайнМаномасаҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment