Афзоиши фақр ва гуруснагӣ дар Афғонистон

Сокинони Кобул пойтахти Афғонситон мегӯянд, фақр ва гуруснагӣ дар манотиқи мухталифи кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Сокинони Кобул пойтахти Афғонситон мегӯянд, фақр ва гуруснагӣ дар манотиқи мухталифи кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Бар асоси гузоришҳои байналмиллалӣ, бештари ҷамъият, ҳудӯди 40 миллион нафари Афғонистон бо фақр ва гуруснагии шаддид рӯ ба рӯ ҳастанд. Дафтари Созмони Миллал дар Афғонистон моҳи гузашта эълом карда буд: Ба танҳои наметавон чунин бӯҳронро бидуни басиҷи комили ҷомеъаӣ байналмиллалӣ маҳор кард. Пас аз тасаллути Толибон фақр ва гуруснагӣ ба гунаи бесобиқа дар Афғонистон фарогир шудааст.

Ба гузориши шабакаи Си-Си-Ти-Ви, сокинони Кобули пойтахти Афғонистон мегуянд дар шароите, ки иқтисоди кишвар дар мавоҷеҳ бо таҳримҳои байналмиллалӣ даст ва панҷа нарм мекунад, афғонҳо ҳар рӯз бештар ба самти фақр ва гуруснагӣ мераванд.

Бароварди Созмони Милллаӣ Муттаҳид ин аст, ки 95 дарсати афғонҳо бо камбуди маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд дар ҳоле,ки ниме аз ҷамъият бо гуруснагии ҳод мувоҷеҳанд.

Абдулқаҳори Балхӣ Сухангуи Вазорати умури хориҷаи ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳам изғом дорад: Вазъияти инсонӣ вахим шудааст. Ин вазъият аз қабл вуҷӯд дошт, бинобарин замоне, ки мо ба қудрат расидем, бо таҳримҳои худкорие, ки алайҳи Афғонистон эъмол шуд ин шароит шадидтар шуд.

Узви аршади Толибон мегӯяд: Иртиботи мо системи байналмиллалӣ СВИФТ қатъ шуда 97 дарсад аз ҷамъият бо даромади камтар аз хати фақри таъин шуда тавассути Бонки Ҷаҳонӣ яъне 1/9 доллар дар рӯз зиндагӣ мекунанд.

АфғонистонгуруснагӣКобулфақр
Comments (0)
Add Comment