Тоҷикистон дунболи бозгардонидани тоҷикистониён аз Сурия

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо дипломат ва генерали суриягӣ - ноиби президенти ин кишвар, баргардондани тоҷикистониёнро ба Ватан ба миён гузоштааст.

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо дипломат ва генерали суриягӣ – ноиби президенти ин кишвар, баргардондани тоҷикистониёнро ба Ватан ба миён гузоштааст.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Башар Ҷафарӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия ва генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии ин кишвар мулоқот анҷом додаст.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқотҳо дар Димишқ сурат гирифтаанд.

Дар иттилоия омадааст :

“Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт”.

Маврид ба зикр аст, ки қаблан хабар дода шуд, ки коршиносони СММ ба 57 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, муроҷиатнома барои баргардондани шаҳрвандон аз Сурияро фиристода буд.

Теъдоди хориҷиёне, ки дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд, даҳҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони кишвар дар урдугоҳҳои “Ал-Ҳавз” ва “Ар-Равз”, ки дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои курд ҷойгиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба иттилои вазир, масъалаи бозгашти тоҷикон аз урдугоҳҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифин дар ин кишвар баррасӣ шуда буд.

Пештар Тоҷикистон даҳҳо нафар занону кӯдаконро аз Сурия баргардонданд ва ба иттилои мақомот корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Мушовири амнияти миллии Ироқ аз кишварҳои ҷаҳон хост шаҳрвандони худро аз урдугоҳи Алҳули Сурия хориҷ кунанд.

Дафтари иттилоърасонии Қосим Алараҷӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ дар баёнияи матбуъоти эълом кард, ки Алараҷӣ дар дидор бо ҳайати мубориза бо терроризми шурои амният зимни ишора ба ин ки урдугоҳи Алҳули Сурия таҳдиди барои Ироқ маҳсуб мешавад аз кишварҳои ҷаҳон хост шаҳрвандони худро аз ин урдугоҳ хориҷ кунанд.

Бар асоси ин ойинома Алараҷи раёсати нишасти миёни масъулони дастгоҳҳои амнияти ва иттиллоъотии Ироқ ва ҳайати мудирияти иҷроӣ мубориза бо терроризми шурои амниятро, ки аз 3 то 17 январи ҷорӣ дар Ироқ ба сар мебаранд бар уҳда дошт.

Дар идомаи ин баёния омада аст дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва минтақави дар парвандаҳои музориза бо терроризм ва низ парвандаҳои террористҳои хориҷӣ ва роҳҳои муҳокимаи онҳо ва иҷрои асли фирор накардан аз муҷозот гуфтугғ шуд.

Бар асоси баёнияи ёдшуда Алараҷӣ дар ин дидор таъкид кард, ки Ироқ хати муқадами мубориза бо терроризм дар ҷаҳон маҳсуб мешавад ва фадокориҳои бисёри дар муқобила бо хатари гуруҳҳои террористӣ дошта ва фатвои ҷиҳоди кифоӣ низ нақши бузурги дар нобудии гуруҳи террористии ДИИШ ифо кард.

Мушовири амнияти миллии Ироқ бо ишора ба ин ки нобудии ДИИШ бо ирода ва диловарии нерӯҳои амниятии Ироқ муҳақақ шуд таъкид кард: Ҷомеъаи байналмиллалӣ бояд ба ҳимояти худ аз Ироқ ба вижа дар бастани парвандаи урдугоҳи Алҳули Сурия идома диҳад ва кишварҳои ҷаҳон бояд шаҳрвандони худро аз ин урдугоҳо хориҷ кунанд то таҳдид ва хатари он барои Ироқ поён ёбад.

Бар асоси баёнияи зикршуда ширкаткунандагон дар ин нишаст роҳҳои мубориза бо истифода аз фановариҳои иттилоъотӣ ва иртиботи тавассути гурҳҳои террористӣ ва низ ноҳҳои ҳимоят аз Ироқ дар тарҳҳои мубориза бо терроризм, пешгири аз дастёбии террористҳо ба силоҳ ва маводи мунфаҷира ва иҷроӣ қатъномаҳои шӯрои амният дар бораи мубориза бо терроризмро барраси карданд.

 

СурияТоҷикистонтоҷикистониён
Comments (0)
Add Comment