Зеленский як мақоми баландпояи дигарро барканор кард

Раисҷумҳури Украина муовини раиси Хадамоти амнияти дохилии ин кишварро барканор ва чандин раиси ҷадиди минтақаиро барои ин созмон мансуб кардааст.

Владимир Зеленский эълон кард : ” Ман раисони наве барои намояндагиҳои минтақаии Хадамоти амнияти Украина дар Закарапатия,Полтава, Сум, Днепропетровск ва Харков таъйин кардам. ”
Зеленский ҳамчунин бо ишора ба барканории яке аз муовинони Хадамоти амниятии Украина аз интисоби Оксана Жолнович ба унвони вазири ҷадиди сиёсати иҷтимоии Украина хабар дод .
Раисҷумҳури Украина авохири рӯзи якшанбе низ дар ду фармони иҷроӣ, раиси Созмони амният ва додситони кулли ин кишварро барканор кард .
Дастури барканории Иван Баканов-раиси Созмони амнияти Украина ва Ирина Вендиктова-додситони кулли ин кишвар дар торнамои расмии раёсати ҷумҳурии Украина мунташир шуд .
Зеленский бомдоди душанбе дар тавзеҳи дастури худ барои барканории раиси Созмони амният ва додситони кулли ин кишвар гуфт, ки беш аз 60 додситону корманди Созмони амният алайҳи Украина фаъолият мекунанд.

амниятВладимир ЗеленскийУкраина
Comments (0)
Add Comment