Таваррум дар Қазоқистон рекорд зад

 Нархи таваррум дар Қазоқистон тайи соли ҷорӣ ба рақами 14.5 дарсад расид, ки болотар аз сатҳи таваррум дар соли 2015 аст.

Нархи таваррум дар Қазоқистон тайи соли ҷорӣ ба рақами 14.5 дарсад расид, ки болотар аз сатҳи таваррум дар соли 2015 аст.

Қосим Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти ҳайати давлати кишвараш гуфт, ки нархи таваррум тайи соли ҷорӣ ба рақами 14.5 дарсад расид, ки болотар аз сатҳи таваррум дар соли 2015 аст.

Қаблан Бонки миллии Қазоқистон нархи таваррум то поёни соли 2022-ро байн 13 то 15 дарсад пешбинӣ карда буд.

Голимҷон Пирматов, раиси ин бонк дар нишасти ҳайати давлати Қазоқистон хотирнишон кард, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти воқеӣ, нархи таваррум ҳаддиақал то соли 2023 коҳиш нахоҳад ёфт.

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт: Қазоқистон ба рағми чолишҳои печидаи геополотикӣ ба шакли пӯё дар ҳоли тавсеа қарор дорад, ки инро натоиҷи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ таъйид мекунад. Иқтисод 3.4 дарсад рушд кард, дар ҳоле, ки бахши воқеӣ 4.1 дарсад афзоиш ёфт. Ба вижа пешрафтҳои чашмрасе дар заминаи саноеи табдилӣ ба даст омадааст.

Тоқаев аз аъзои давлат ва мақомоти маҳаллӣ хост ба теъдоде аз мавзӯъот ба таври вижа таваҷҷуҳ нишон диҳанд.

Вай ба таври мушаххас ба зарурати тасбити таваррум ва қимати маводи ғизоӣ, афзоиши даромади шаҳрвандон ва тавсеаи сармояи инсонӣ, беҳбуди сиёсати пулӣ ва молӣ, ҳимоят аз бахши воқеии иқтисод, таъмини амнияти энергӣ ва тавсеаи зерсохтҳои ҷоддаӣ таъкид кард.

Раисҷумҳури Қазоқистон бо таъйини теъдоде аз аҳдофи мушаххас дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи амалкарди давлат тайи ним соли 2022-ро «мутавассит» арзёбӣ кард ва аз вазирон, устондорон, шаҳрдорон ва раисони идораҳо ва ширкатҳои миллӣ хост, то суръати фаъолияташонро ба ҳаддиаксар бирасонанд ва аз равишҳо ва идаҳои нав истифода кунанд.

Вай дар ин нишаст Бохият Султонов, муовини нахуствазир ва вазири тиҷорат ва ҳамгароӣ, Ирбол Қорошкиев, вазири кишоварзӣ, Сариколи Брикшев, вазири экология, заминшиносӣ ва манобеи табиӣ ва Бағдод Мусин, вазири тавсеаи диҷитоли ин кишварро ба хотири кӯтоҳӣ дар иҷрои вазифаҳояшон ва масъулиятҳои худ тавбих кард.

Қазоқистонтаваррум
Comments (0)
Add Comment