Путин дар Теҳрон бо Раисӣ ва Эрдуғон мулоқот мекунад

Сухангӯи Кремл таъид кард, ки президенти Русия сешанбеи ҳафтаи оянда ба Теҳрон сафар карда ва дар як нишасти сеҷониба бо руасои ҷумҳури Эрону Туркия иштирок хоҳад кард ва дидорҳои дуҷонибае низ бо Иброҳими Раисӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамтоёни эрониву туркияии худ хоҳад дошт.

Димитрий Песков, дабири матбуотии Кохи Кремл таъид кардааст, ки Владимир Путин, президенти Русия дар таърихи 19 июл ба Теҳрон сафар карда ва дар як нишасти сеҷониба бо ҳузури Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, президенти Туркия ширкат хоҳад кард. Ба гуфта вай, дар айни ҳол Путин дар ҷараёни ин сафар дидорҳои дуҷонибае бо ҳамтоёни эрониву туркияии худ хоҳад дошт.

Песков, имрӯз сешанбе, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Сафари президент Путин ба Теҳрон дар ҳоли омодасозӣ мебошад. Мулоқоти сарони кишварҳои кафил дар чаҳорчӯби музокироти раванди Остона дар пойтахти Эрон баргузор мешавад.. Ҳамонтавре, ки медонед ин раванде барои кумак ба ҳаллу фасли мушкилот дар Сурия аст.”

Сухангӯии Кремл ёдовар шуд, ки тамосҳои дуҷониба ва сеҷонибае низ барои Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ шудааст. Вай гуфт: “Дар ҳақиқат Путин бо Иброҳими Раисӣ ва Эрдуғон дидор хоҳад дошт. Вале илова бар дидори сеҷонибаи раҳбарони се кишвар, албатта як дидори дуҷониба низ байни Путину Эрдуғон дар Теҳрон анҷом хоҳад шуд. Дирӯз мо гузорише аз тамосҳои сатҳиболо байни руасои Ҷумҳурии Русия ва Туркия ироа кардем. Ин дидор қарор аст дар Теҳрон баргузор шавад.”

Владимир ПутинРаҷаб Тайиб ЭрдуғонРусияСайид Иброҳими РаисӣТеҳронТуркияЭрон
Comments (0)
Add Comment