Вазифаи нави вазири адлияи Тоҷикистон дар сатҳи ИДМ

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои вазирони адлияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб шуд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Шӯрои вазирони адлияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб шуд.

Бар асоси гузориши бахши матбуотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон соли 2023 раиси Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардид.

Гуфта мешавад, ки чунин тасмими зимни баргузории ҷаласаи 16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои иштирокчии ИДМ гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар ин ҷаласа қарор шудааст, ки ҷаласаи 17-уми он дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

16-уми Шӯрои вазирони адлияи давлатҳои ИДМ, дар заминаи Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор гардид.

Ҷаласаи Шӯрои мазкур таҳти раёсати Чуйченко Константин, вазири адлияи Русия баргузор шуда, дар он Карен Андреасян, вазири адлияи Арманистон, Николай Старовойтов, муовини вазири адлияи Белорус, Аяз Баетов, вазири адлияи Қирғизистон ва Русланбек Давлетов, вазири адлияи Узбекистон ширкат доштанд.

Дар рафти ҷаласа, аъзои Шӯро нақши вазоратҳои адлия дар гузаронидани сиёсати ҳуқуқӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ, масъалаҳои мубрами соҳаи адвокатура ва баланд бардоштани сифати истеҳсолоти экспертизаи судӣ дар муассисаҳои экспертизаи судиро баррасӣ намудаанд.

Бояд гуфт, ки Форуми 10-уми байналмилалии ҳуқуқӣ аз 29 июн то 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

ИДМИттиҳоди давлатҳои мустақил
Comments (0)
Add Comment