Таъкиди Тоҷикистон ва Чин ба тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва кишоварзӣ

Мақомоти Тоҷикистон ва Чин ба тавсеаи равобити иқтисодӣ ва кишоварзӣ таъкид карданд.

Таъкиди Тоҷикистон ва Чин ба тавсеаи равобити тиҷоратӣ ва кишоварзӣ

 Тоҷикистон ва Чин масоили марбут ба тавсеаи бештар ва густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, башардӯстона, беҳдошту тандурустӣ, омӯзиш, фарҳанг, гардишгарӣ ва кишоварзиро баррасӣ карданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо Ҷи Шавмин, сафири ҷадиди Чин дар  Душанбе дидор ва тавсеаи бештари равобит байни Душанбе ва Пекинро баррасӣ карданд.

Дар ибтидо, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба сафири ҷадиди Пекин маъмурияти вайро табрик гуфт ва ибрози итминон кард, ки ду тараф бо талошҳо ва фаъолиятҳои муассири худ барои ташдиди мушорикати ду кишвари ҳамсоя дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ саҳми арзандае хоҳанд гузошт.

Дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкориҳои шаҳрдори Душанбе ва Чин мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гириф.

Ду тараф ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи вижа кард ва ба вуҷуди фурсатҳо ва манобеи ғанӣ дар ду кишвараш барои ҳамкориҳои чандҷониба таъкид карданд.

Дар ин дидор ба тавсеаи бештар ва густариши ҳамкорӣ байни шаҳрдории Душанбе ва Чин дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, башардӯстона, беҳдошту тандурустӣ, омӯзиш, фарҳанг, гардишгарӣ ва кишоварзӣ ибрози алоқа шуд.

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон аз кумаки сафорати Чин дар Душанбе барои дарёфти кумакҳои молӣ дар қолаби ваксинаи коронавируси ҳамагир дар замони ривоҷи ин беморӣ ва таҷҳизоти модерни шаҳрӣ ташаккур кард.

Қайд карда мешавад, ки Чин ба Тоҷикистон як ҳазор либоси муҳофизатии тиббӣ, панҷсад адад ҳароратсанҷ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз маризии сироятии коронавирус ихтисосо дод. Кӯмаки давлати Чин аз 1000 либоси махсуси муҳофизатӣ, 500 адад ҳароратсанҷ, 1000 ададӣ айнак ва дастпӯшӣ тиббӣ ва дигар воситаҳои пешгирикунанда аз ин маризӣ, иборат аст.

Дар тӯли ин дидори мақомоти ду кишвари ҳамсоя, ҳамчунин дигар мавзӯъоти мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

ДушанбеРустами ЭмомалӣТоҷикистонЧин
Comments (0)
Add Comment