Чароии интихоби Доҳа барои азсаргирии даври ҷадиди музокироти ҳастаӣ

Барои ин ки як макон ба унвони маҳалли музокира интихоб шавад, ба таври маъмул дастикам бояд се фактор бо ҳам ҳамхонӣ дошта бошад: Нахуст мавозеъ ва ниёзи кишвари мизбон, дувум мавозеи тарафҳои музокира ва сеюм шароити ҳоким бар музокирот ва гуфтугӯҳо.

Дар хусуси фактори аввал, яъне мизбон бояд гуфт, ки Қатар ангезаи қавӣ барои ба натиҷа расидани музокирот дорад. Ин кишвар аз чанд соли пеш барои мизбонии бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2022 (Қатар) беш аз 200 миллиард доллар ҳазина карда ва акнун, ки чанд моҳ бештар ба баргузории ин бозиҳо боқӣ намондааст, вуҷуди шароити амну босубот барои баргузории ин бозиҳо бисёр муҳим ва ҳаётӣ аст ва ин масъала ба навъе барои Доҳа ба маргу зиндагӣ табдил шудааст.

Ҷойгузини шикасти музокироти ҳастаӣ ҳаддиаксар метавонад ҷанг ва ҳаддиақал ташдиди бесуботӣ ва ноамнӣ дар минтақа бошад, ки ҳеҷ як матлуби Қатар нест. Ҳарчанд, ки руқабову мухолифони Қатар аз Исроил гирифта то Арабистон, Баҳрайну Иморот имкон дорад аз эҷоди чунин вазъияте истиқбол кунанд ва аз ин ки Қатар натавонад ба интизороти худ аз баргузории муваффақи бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ҷомаи амал бапӯшанд, хушҳол мешаванд.

Дуюмин фактор барои таъйини мизбонӣ, ҳамхонии ниёзу мавозеи тарафҳои музокира аст. Барои ин давр аз музокирот бар хилофи даврҳои қаблӣ, ки намояндагони чаҳор узви доимии Шӯрои амният ва Олмон дар он ҳузур меёфтанд, се тараф қобили тасаввур аст. Нахуст Эрон, дувум Иттиҳоди Аврупо ва сеюм Амрико, ки ба таври ғайримустақим дар нишасти Доҳа ҳузур хоҳад дошт.

Барои Эрон, Қатар аз чанд ҷиҳат муносиб аст: Нахуст ин ки Қатар ҳамсояи Эрон маҳсуб мешавад ва мизбонии Қатар барои азсаргирии музокироти ҳастаии Эрон бо рӯйкарди давлати сенздаҳум дар авлавият додан ба ҳамсоягон дар муровидоти хориҷӣ мутобиқат дорад. Дувум ин ки Қатар дӯстии худро ба Эрон дар гузашта собит кардаву Эрон ҳам дар шароити буҳронӣ, аз ҷумла муҳосираи ин кишвар аз сӯи Арабистон ва муттаҳидони он дар канори ин кишвар буда ва аз ҳамаи тавони худ барои кумакрасонӣ ба мардуму давлати ин кишвар дар замони муҳосира дареғ накард ва акнун низ ҳамаи талош ва тавони худро барои баргузории муваффақи бозиҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ -2022 дар Қатар ба кор гирифта ва ҳатто омодагии комили худро барои мизбонӣ ва пазироӣ аз меҳмонону тамошогарони ин бозиҳо эълом кардааст.

Барои Аврупо Қатар ба унвони миёнҷии музокирот ба унвони кишваре, дар назар гирифта мешавад, ки метавонад ниёзҳои газии ин қораро бо тавваҷуҳ ба коҳишу қатъи эҳтимолии содироти Русия таъмин кунад ва ба тозагӣ низ ду ширкати аврупоии “Тотал” –и Фаронса ва Ении Италия як қарори 28 миллиарддоллариро бо Қатар барои афзоиши тавлиди гази он ба имзо рисонидаанд ва бо тавваҷуҳ ба ин ки Қатар манбаи дигаре ба истиснои ҳавзаи газии муштарак бо Эрон надорад, аз ин рӯ иҷрои ин қарордод замоне метавонад бо муваффақият ҳамроҳ шавад, ки манофеи Эрон ҳам ба назар гирифта шавад.

Дар хусуси Амрико низ, ҳарчанд ин кишвар мисли собиқ ба таври мустақим дар музокирот ҳузур нахоҳад дошт, аммо тайи даҳаҳои гузашта ҳизби ҳокими демократ равобити беҳтаре бо Қатар барқарор карда, камо ин ки ҳизби рақиби ҷумҳурихоҳ низ ҳамин робитаро бо Арабистон ва Иморот барқарор кардааст. Бо тавваҷуҳ ба чунин собиқае табъан ҳизби демократ ва давлати Байден низ Қатарро гузинаи муносиб барои азсаргирии даври ҷадиди музокирот медонад.

Дар хусуси фактор ё омили сеюм, яъне шароити байналмилалии ҳоким бар музокирот низ бояд гуфт, ки баъд аз ҷанги Украина амалан тарафҳои ширкаткунанда дар музокироти ҳастаӣ ба ду пораи тақсим шудаанд; тарафҳои ғарбӣ дар баробари Русия қарор гирифтаанд ва Чин низ дар муодилоти байналмилалии ҷадид дар канори Русия қарор мегирад. Бо тавваҷуҳ ба тағйири шароити байналмилалии ношӣ аз ҷанги Украина табъан музокирот агар дар чорчӯби қаблӣ азсар гирифта мешуд, шояд наметавонист ба натоиҷи матлуб бирасад, аммо дар вазъияти кунунӣ шанси муваффақияти музокирот ба дур аз қутббандиҳои ношӣ аз ҷанги Украина бештар ба назар мерасад.

АмрикоДоҳаҚатармузокираҳастаӣЭрон
Comments (0)
Add Comment