Кӯмаки ИА ба Украина бештар аз кӯмак ба Африқо аст

Ба гузориши шабакаи телевизионии Russia Today, мизони кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Украина барои таъмини силоҳ беш аз кӯмакҳои ин иттиҳодия ба Африқо барои мубозиза бо қаҳтист.

Мардуми Сумолӣ ба хотири гуруснагӣ дар пеши чашмони мо мемеринд. Созмони Милали Муттаҳид пеш аз оғози нишасти Гуруҳи ҳафт дар ин робита ҳушдор дод. Ин натиҷаи коҳиши ирсоли манобеи молӣ аз тарафи кишварҳои аврупоӣ ба Сумолӣ будааст. Сумолӣ айни замон бо як гурӯснагии шадид рӯ ба рӯ аст. Сумолӣ бахше аз буҳрони бузург дар қорраи Африқост.

Бо вуҷуди инки Сумолӣ, Судони Ҷанубӣ ва Кениё дархости 6 миллиард доллар кӯмак кардаанд танҳо се дарсади он ироа шудааст. ЮНИСЕФ ҳам эълон кардааст, ки 8 миллион кӯдак дар саросари минтақаи Шохи Африқо бо хатари марг аз сабаби буҳрони гурӯснагӣ ва қаҳтӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар талош барои муқобила бо буҳрони маводи ғизоӣ дар Африқо Иттиҳодияи Аврупо мутааҳҳид ба кӯмак шудааст, аммо ин кӯмак бисёр камтар аз кӯмакест ки ин иттиҳодия ба Украина ироа додааст.

Кӯмаки 1.8 миллиардӣ барои муқобила бо қаҳтӣ ва 3.6 миллиардӣ барои ҷанг

Дар идома хабарнигори Russia Today гузориш дод: Мо дар инҷо дар шаҳри Йоханнесбург дар Африқои Ҷанубӣ ҳастем. Аз ҳар ду нафар яке бекор аст. Дар ғарби Африқо ҳам аз ҳар чаҳор нафар як нафар дар ноамнии ғизоӣ ба сар мебарад. Наздик ба 13 миллион кӯдак ҳам акнун бо гурӯснагӣ дар ин қорра рӯ ба рӯ ҳастанд. Барои муқобила бо қаҳтӣ дар Африқо Иттиҳодияи Аврупо дар ҳудуди 1.8 миллиард доллар ҳазина кард. Ин дар ҳолест, ки ин иттиҳодия ду баробари ин маблағро танҳо дар 4 моҳи ахир дар Украина сарф кардааст.

Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Владимир Путин, президенти Русияро ба талош барои доман задан ба гурӯснагӣ дар ҷаҳон муттаҳам кардааст то Иттиҳодияи Аврупоро маҷбур ба бардоштани таҳримҳо кунад.

Дар идома бахше аз изҳороти Ҷозеф Боррел пахш шуд, ки вай гуфт: мо наметавонем ин мавзӯъро тасаввур кунем, ки миллионҳо тон гандум дар Украина боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми ҷаҳон аз гурӯснагӣ ранҷ мекашанд. Ин як ҷинояти ҷангии воқеӣ мебошад.

Таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия омили фақр дар қорраи Африқо

Маки Сал, раиси Иттиҳодияи Африқо аз Брюссел хост, ки кӯмакҳои лозимро барои воридоти нуриҳои химиявӣ ва ғалладона барои Африқо фароҳам кунад.

Ӯ гуфт: Таҳримҳои Аврупо вазъиятро бадтар кардааст. Мо мехоҳем, ки ҳазинаҳоро пардохт кунем. Аммо вазъият ғайримумкин ва душвор шудааст. Мо аз аврупоиҳо мехоҳем то механизми шабеҳи нафту газро дар назар бигиранд.

Мубориза бо гурӯснагӣ дар Африқо ба кӯмакҳои таъҷилӣ вобастааст

Дар идома як коршиноси иқтисодӣ гуфт: Барои аз байн бурдани гуруснагӣ ва қаҳтӣ дар Африқо бояд таваҷҷӯҳ бар рӯи кӯмакҳои таъҷилии ғизоӣ бошад. Мо бояд ба мардуми осебпазир дар урдугоҳҳо кӯмак кунем. Мардуми зиёде ба хотири даргирӣ овора шудаанд. Мо бояд ба кишварҳо кӯмакҳои молӣ кунем то онҳо вазъияти кишоварзии худро беҳбуд бахшанд. Мо бояд талош кунем, ки ин кишварҳо худашон ғизои худро таъмин кунанд, зеро шумо илова бар кӯмаки ғизоӣ бояд фурсатҳои шуғлӣ ба мардум диҳед. Африқо аз зарфияти лозим барои табдил ба як қудрати иқтисодӣ бархӯрдор аст. Аммо бояд манобеи моливу фурсати лозим ба он ироа шавад. Кишварҳои аврупоӣ ва Амрикову Канада бояд аз кишварҳои африқоӣ ҳимоят кунанд. Онҳо бояд роҳи ҳалҳое барои коҳиши фақр ироа кунанд. Онҳо бояд ҷойҳои кориро афзоиш диҳанд. Онҳо бояд фурсатҳоеро барои давлатҳо фароҳам кунанд ва дар бахши тавсеаи иҷтимоӣ мушорикат кунанд.

АфриқогуруснагӣИттиҳодияи АврупоҚаҳтӣУкраина
Comments (0)
Add Comment