Ройзании ҳайатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон

Ҳайатҳои иқтисодии ду кишвари Тоҷикистон ва Эрон масоили иқтисодӣ ва меҳварҳои қобили иҷроро баррасӣ карданд.

Муовини умури байналмилал ва бозаргонии вазири нафти Эрон бо ҳайате аз Тоҷикистон ба раёсати қоиммақоми вазири санъат ва фановариҳои нави Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ин ҳайати Тоҷикистон ба манзури пайгирӣ ва иҷрои мафодди тафоҳумномаҳо ва тавофуқҳо аз ҷумла иктишоф ва баҳрабардорӣ аз майдонҳои нафту гази он кишвар ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкориҳои омӯзишӣ ба Теҳрон сафар кардаанд. Ду тараф дар ин дидор ба тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба вижа энергетикаи нав таъкид карданд.

Пайрави сафари моҳи гузаштаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон, тафоҳумномаи ҳамкориҳои энергетика байни вазири нафти Эрон ва вазир энергетика ва захоири оби Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳамчунин дар ин сафар 17 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ, фановариҳои нав, муҳити зист, варзишӣ, энергетика, қазоӣ, омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва гардишгарӣ дар ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ ва Эомомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Сайид Иброҳими РаисӣТоҷикистонЭмомалӣ РаҳмонЭрон
Comments (0)
Add Comment