Сафари Тоқаев ба Теҳрон; фасли тоза дар равобити Қазоқистон ва ҶИЭ

Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва манофеи муштарак дар масири ҷадид барои ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ гом гузоштаанд ва сафари Қосим Тоқаев ба Теҳрон ҳам масири ҳамкориҳоро ҳамвортар кардааст.

Ду кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Қазоқистон бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва манофеи муштарак дар масири ҷадид барои ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ гом гузоштаанд ва сафари Қосим Тоқаев ба Теҳрон, ки ба даъвати Сайидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом шуд, ба гуфтаи коршиносон, масири ҳамкориҳоро ҳамвортар хоҳад кард.

Қазоқистон ва раванди равобити ин кишвар бо ҶИЭ

Қазоқистон дар байни кишварҳои Осиёи Миёна, бузургтарин қудрати иқтисодӣ ва сиёсиро дорад ва дар айни ҳол Эрон ҳам бештарин мубодилоти иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сиёсиро дар ин минтақа бо ин кишвар дорад. Муштаракоти таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ, муровидоти мардумӣ ва дидгоҳи мусбати мардуми Қазоқистон нисбат ба фарҳанг, тамаддун ва мардуми Эрон ҳам фурсатҳо ва заминаҳои муносиберо барои тавсеа миёни Эрон ва Қазоқистон дар ҳавзаҳои мухталиф фароҳам кардааст.

Қазоқистон дар 16 декабри соли 1991 ба истиқлол расид ва Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли Қазоқистонро ба расмият шинохт ва намояндагии сиёсии худро дар он боз кард. Қазоқистон аз тарафи ғарб аз тариқ дарёи Хазар ба навъе ҳамсояи Эрон аст.

Акнун бо гузашти беш аз се даҳа, равобити Теҳрон ва Нурсултон (Остонаи собиқ) дар ҳавзаҳои гуногун раванди муносиб ва рӯ ба рушде доштааст. Дар ин солҳо дидорҳои гуногуне миёни мақомҳои олии рутбаи ду кишвар анҷом шудааст акнун низ Қосим Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон дар раъси ҳайати баландпоя, рӯз якшанбеи ин ҳафта озими Эрон шуд, то раванди равобити Теҳрон – Нурсултон мустаҳкам ва шукуфо шавад.

Парлумони Қазоқистон дар моҳи марти соли 2019 бо тасвиби қонуне ба таври расмӣ тағйири номи пойтахт кишвар аз Остона ба Нурсултонро ба манзури гиромидошти Нурсултон Назарбоев, аввалин раисҷумҳури даврони истиқлоли Қазоқистон эълом кард.

Қосим Тоқаев дувумин раисҷумҳури Қазоқистон пас аз 30 сол зимомдории Нурсултон Назарбоев аст. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамтои қазоқистони вай соли гузашта дар ҳошияи иҷлоси ҳамкориҳои Шангхай дар Тоҷикистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд ва дар ин дидор қарор бар он шуд, то ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла ҳамкориҳои рейлӣ афзоиш ёбад. Бар ин асос як рӯз пеш аз вуруди Тоқаев ба Теҳрон, нахустин қатори кридори ҷадиди рейлии Kiti (Қазоқистон – Туркманистон – Эрон – Туркия) вориди истгоҳи роҳиоҳан Теҳрон шуд. Ин қатор ҳомили 24 дастгоҳ вагони лабакутоҳ ҳомили 48 континер 20 фавти гӯгирд ба мақсади Туркия ва сипас Аврупост.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин кишварҳое буд, ки истиқлоли ин кишварро пас аз он ки аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҷудо шуд ва истиқлоли худро эълом кард, ба расмият шинохт. Ҳамчунин Эрон дувумин кишваре буд, ки дафтари намояндагии худро дар Қазоқистон таъсис кард.

Эрон аз ҳамон ибтидои истиқлоли Қазоқистон, равобити сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодии худро бо ин кишвар роҳандозӣ кард ва ба тадриҷ ин равобит маҳкамтар шуд. Ин пешрафт ба андозае буд, ки дар солҳои 2011 ва 2012 шаҳри Алмаато мизбони 2 давр аз гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 буд ва ҳамчунин шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон мизбони музокироти сулҳи Сурия бо мушорикати Эрон, Русия ва Туркия будааст, ки токунун 18 давраи он дар қолаби Музокироти Остона баргузор шудааст, ки инҳо нишон аз ҳусни ният ва нақшофаринии мусбати Қазоқистон дар мавриди Эрон будааст.

Сафари Тоқаев ба Теҳрон ва имзои 9 санади ҳамкорӣ

Муносиботи ду кишвар дар давлати ҳозираи Иброҳими Раисӣ вориди марҳилаи тозае шудааст. Равобити ду кишвар дар беш аз ду даҳаи гузашта бидуни фарозу нишеб бо оҳанги матлубе ҳамвора рӯ ба рушд будааст, токунун даҳҳо санади ҳамкорӣ дар заминаҳои мухтаф миёни ду кишвар ба имзо расида ва дар сафари ин ҳафтаи раисҷумҳури Қазоқистон ба Теҳрон ҳам 9 санади дигари ҳамкорӣ имзо шуд.

Ин санади ҳамкориҳо дар заминаҳои тавсеаи ҳамлу нақли транзитӣ, мубодилоти илмӣ ва фарҳангӣ, энергетика, кишоварзӣ, фарҳангӣ, мубодилоти тиҷорӣ – иқтисодӣ ва дигар заминаҳо аст, ки байни вазирони Эрон ва Қазоқистон ва дар ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар ба имзои тарафайн расид.

 

“ёддошти тафоҳум миёни маркази мутолиоти сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва муассисаи таҳқиқоти сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон”, “барномаи мубодилоти фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи мутолиоти таҳлилӣ ва табодули таҷриба миёни Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат ва Вазорати тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар хусуси афзоиши тиҷорати дуҷониба, миёни Вазорати санъат, маъдан ва тиҷорат ва Вазорати тиҷорат ва ҳамгароии Қазоқистон”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон ва Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар заминаи кишоварзӣ”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон ва Вазорати кишоварзӣ ва вазорати санъат ва тавсеаи зерсохти Қазоқистон дар заминаи тиҷорат ва транзити маҳсулоти кишоварзӣ”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Созмони садо ва симои Эрон ва Ожонси давлатии Хабари Қазоқистон”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкории Ширкати миллии нафти Эрон бо ширкати гази Қазоқистон”, “ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни роҳиоҳани Эрон ва ширкати саҳомии роҳи оҳани миллии Қазоқистон” санадҳое буд, ки дар ҳузури сарони Эрон ва Қазоқистон ба имзои вазирон, устондорон ва масъулони марбутаи ду кишвар расид.

 Мулоқот бо раҳбари ҶИЭ

Дар ин сафар Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ, Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистонро ба ҳузур пазируфт, ки ин мавзӯъ нишондиҳандаи нигоҳи вижаи Эрон ба ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа ва аҳамият ва ҷойгоҳи хосси Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Теҳрон аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори Қосим Тоқаев, раисҷмҳуи Қазоқистон ва ҳайати ҳамроҳ бо ишора ба пайвандҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва Қазоқистон, ба лузуми густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ба вижа ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид кард.

Ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ, ҳамоҳангӣ дар заминаи масоили сиёсӣ ва иқтисодиро барои густариши равобит зарурӣ хонда ва бо таъкид ба лузуми фаъол шудани комиссияи муштарак илова кард: “ду тараф бояд барои пайгирии тавофуқҳо ва иҷроӣ шудани онҳо талоши музоафе анҷом диҳанд.”

 

Раҳбари Инқилоби исломии Эрон густариши ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Қазоқистонро низ муҳим дониста ва афзуд: “Форобӣ ба унвони як файласуф ва донишманди исломӣ, ки асолати қазоқистонӣ дорад ва дар Эрон ҳазор сол дар бораи осори ӯ таҳқиқ ва мутолиа шудааст, метавонад мабнои ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ташкили як кумитаи муштараки илмӣ миёни ду кишвар шавад.”

Дар ин дидор, ки раисҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, Қосим Тоқаев, раисҷмҳури Қазоқистон гуфт: музокироти бисёр хубе бо ҷаноби Раисӣ доштем ва асноде, ки ба имзои ду тараф расид, метавонад заминасози густариши беш аз пеши равобити ду кишвар бошад.

Раисҷумҳури Қазоқистон иштирокоти таърихӣ ва фарҳангии Эрон ва Қазоқистонро амиқ хонд ва бо истиқбол аз пешниҳоди раҳбари инқилоби исломии Эрон барои ташкили кумитаи илмӣ дар заминаи Форобӣ, дидгоҳҳои худро дар бораи масоили минтақа ва шароити Украина баён намуда ва тавзеҳоте дар бораи шароити кишвараш баъд аз талоши ноком барои кудатои ахир ва эътирозҳои мардумӣ дар соли гузашта, ироа кард.

 Боздиди раисҷумҳури Қазоқистон аз намоишгоҳи тавонмандиҳои пизишкии Эрон

Дар ҷиҳати аҳамияти халқи фановарӣ ва таваҷҷуҳ ба тавонмандиҳо ва зарфиятҳои Эрон барномаи боздид барои Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон аз намоишгоҳи тавонмандиҳои пизишкии Эрон анҷом шуд ва раисҷмҳур ҳамтои қазоқистони худро ба боздид аз намоишгоҳи тавонмандиҳои пизишкии Эрон даъват кард.

Дар ин боздид раисҷмҳури Қазоқистон дар ҷараёни бахше аз тавонмандиҳои пизишкӣ қарор гирифт.

 Равобити фаъоли сиёсии ду кишвар

Эрон ҳамакнун илова бар сафорт дар Остона дар Алматӣ ва бандар Октоу ҳам дорои сарконсулгарӣ аст ва Қазоқистон низ дар шаҳри Гургони Эрон сарконсулгарӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамтои қазоқистонии вай соли гузашта дар ҳошияи иҷлоси ҳамкориҳои Шангхай дар Тоҷикистон бо якдигар дидору гуфтугӯ карданд ва дар ин дидор қарор шуд, то ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷумла ҳамкориҳои рейлӣ афзоиш ёбад.

Ройзанӣ ва ҳамкорӣ дар маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамчун Созмони Милал, Созмони Ҳамкории исломӣ, Сико, Эко, Маҷмаи гуфтугӯи осиёӣ ва иҷлосҳои муртабит бо умури Дарёи Хазар нақши муҳиме дар пешбурди муносиботи дуҷониба ва манофеи муштараки Эрон ва Қазоқистон дорад.

 Рушди тиҷорати Қазоқистон ва Эрон

Сухангӯи гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: «дар соли 2021 наздик ба 729 ҳазор тонна коло ба арзиши 265 миллиону 200 ҳазор доллар, байни Эрон ва Қазоқистон табодул шуд, ки бо рушди 71 дарсадӣ дар вазн ва 29 дарсадӣ дар арзиш, нисбат ба соли гузашта ҳамроҳ будааст.

Сайид Рӯҳулло Латифӣ, ҳамзмон бо сафари раисҷмҳури Қазоқистон ба Эрон дар бораи тиҷорат бо Қазоқистон изҳор дошт: «аз маҷмӯи тиҷорат 729 ҳазор тоннаии Эрон бо Қазоқистон дар соли 1400 беш аз 512 ҳазор тонна коло ба арзиши 187 миллиону 200 ҳазор доллар, содироти Эрон ба Қазоқистон будааст, ки бо рушди 51 дарсадӣ дар вазн ва 11 дарсадӣ дар арзиш ҳамроҳ будааст, воридот аз Қазоқистон ҳам 217 ҳазор тонна коло ба арзиши 78 миллион доллар буда, ки нисбат ба муддати мушобеҳ, 141 дарсад дар вазн ва 108 дарсад дар арзиш афзоиш доштааст.

Вай дар бораи тиҷорат бо Қазоқистон тасреҳ кард: «тиҷорати ғайрнафтии Эрон бо Қазоқистон ба унвони яке аз ҳамсоягони понздаҳгонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон (аз кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар) дар ду даҳаи ахир дорои фарозу нишеб будааст, ки ба таври куллӣ дар баррасии 20 солаи тиҷорат бо ин кишвар метавон севвумин даҳаи гузаштаро даҳаи воридот аз Қазоқистон ва дувумин даҳаи гузаштаро даҳаи содирот ба ин кишвар донист.

сухангӯи гумруки ҶИЭ гуфт: «дар 20 соли ахир беш аз 15 миллиону 400 ҳазор тонна коло ба арзиши тақрибии 6 миллиард доллар байни Эрон ва Қазоқистон табодул шуд, ки саҳми содироти Эрон чаҳор миллиону 204 ҳазор тонна коло ба арзиши ду миллиарду 317 миллион доллар буда ва воридот аз Қазоқистон ҳам 11 миллиону 185 ҳазор тонна коло ба арзиши се миллиарду 635 миллион доллар будааст.

 Пайвандҳои фарҳангии Қазоқистон ва Эрон

Муштаракоти таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ, муровидоти мардумӣ ва дидгоҳи мусбати мардуми Қазоқистон нисбат ба фарҳанг, тамаддун ва мардуми Эрон, фурсатҳо ва заминаҳои муносиберо барои тавсеаи фарҳангӣ миён Эрон ва Қазоқистон фароҳам кардааст. Илова бар намояндагӣ, ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Нурсултон ва Алмаато дар ҳавзаи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ду кишвар фаъолият мекунад.

Ҳамкориҳои донишгоҳӣ, тақвияти курсиаҳои забони форсӣ ва утоқҳои Эрон дар донишгоҳҳои муҳими Қазоқистон, эъзоми устоди забони форсӣ, баргузории намоишгоҳҳои фарҳангӣ ба муносибатҳои мухталиф, баргузории конфронсҳои муштарак бо мавзӯъоти фарҳангӣ ва динӣ ва эъзоми нухбагони қаззоқ ба барномаҳои муҳими фарҳангии Эрон аз муҳимтарин барномаҳои дар дасти иҷро дар ин чорчуб аст.

Меъмори суннатӣ, Наврӯз ва одоби он дар канори суннатҳои муштарак, ҳамҷаворӣ бо ҷоддаи абрешим, наздикии ҷуғрофиёӣ ба вижа дар марзбандиҳои давраи Сафавия, вуҷуди вожаҳои форсӣ дар забони қаззоқӣ ва низ дастнавиштаҳои фаровони форсӣ дар музаҳои ин кишвар ба ҳамроҳи тадриси забон форсӣ дар чанд донишгоҳи Қазоқистон нишонгари пайвандҳои фарҳангии 2 кишвар аст.

Конграи байналмилалии раҳбарони адёни суннатӣ ва ҷаҳонӣ ба унвони муҳимтарин барномаи фарҳангӣ – динии Қазоқистон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷумла барномаҳое аст, ки Эрон ҳузури пурранг ва сатҳ болое дар он дорад.

ҚазоқистонНурсултонОятуллоҳ ХоманаӣСайид Иброҳими РаисӣТеҳронҶумҳурии Исломии Эрон
Comments (0)
Add Comment