Раисҷумҳури Қазоқистон ба Эрон сафар мекунад

Раисҷумҳури Қазоқистон ба даъвати ҳамтои эронии худ дар чорчуби як сафари расмӣ 19 июн ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Раисҷумҳури Қазоқистон ба даъвати ҳамтои эронии худ дар чорчуби як сафари расмӣ 19 июн ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Қосим Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, якшанбеи ҳафтаи оянда тайи сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Исломии Эрон мешавад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қазоқистон бо эъломи ин матлаб гуфт: “дар чорчуби ин сафар, ки бо даъвати Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, музокироти дуҷониба дар болотарин сатҳ ва ҳамчунин имзои теъдоде аз асноди байнидавлатӣ барномарезӣ шудааст.

Қабл аз сафар ба Теҳрон, раисҷумҳури Қазоқистон дар таърих 17 июн барои ширкат дар биступанҷумин маҷмаи иқтисодии байналмилалии Санкт-петербург ба Русия сафар мекунад.

Интизор меравад, ки Тоқаев дар ҷаласаи умумии ин ҳамоиш суханронӣ ва чандин дидори дуҷониба анҷом диҳад.

Иброҳим РаисӣҚазоқистонЭрон
Comments (0)
Add Comment