Иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ ба артиши кишвар

Тарҳи баҳории хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ба таври комил иҷро шуд.

Нақшаи даъвати баҳорӣ ва хидмати сарбозӣ дар кишвар ба таври комил иҷро шуд.

Вазорати дифои Тоҷикистон эълом кард, ки тайи ду моҳ аз оғози ҷазби ҷавонон ба хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳ ин барнома сад дар сад иҷро шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Нашрияи Тоҷикистон, бар асоси баёния ин Вазоратхона тамоми шаҳрҳо ва навоҳии кишвар то аввали моҳи июни соли ҷорӣ барномаи баҳории даъват ҷавонон ба хидмати низомӣ, вазифаро ба таври комил иҷро карданд.

Аз сӯйи дигар дар Тоҷикистон қонуни хариди хидмати сарбозӣ низ дар ҳоли иҷро аст.

Бар асоси қонуни ҷадид довталабон метавонанд бо пардохти 26 ҳазору 880 сомонӣ корти муъофӣ дарёфт кунанд.

Ин афрод бо вориз намудани ин маблағ ба шумора ҳисоби Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас аз омӯзиҳши низомӣ ба унвони сарбозони захираи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар корт муъофияти хидҳмати сарбозӣ дарёфт мекунанд.

Афроди муъоф аз хидмат наметавонанд дар ниҳодҳои низомӣ ва дифоъи ва додгустари истихдом шаванд.

артишВазорати дифои Тоҷикистондаъвати баҳорӣоблава
Comments (0)
Add Comment