Сафаре пас аз сардии чандсола дар муносибот

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз нишонаҳои гароиш аз сардӣ ба гармӣ дар равобити ду кишвар анҷом шудааст.

Равобити ду кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то каме қабл аз як соли пеш барои давраи тақрибан панҷсола ба сардӣ гароида ва давлати Тоҷикистон Эронро ба пуштибонӣ аз ҳаракату қиёми Абдулҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини пешини вазири дифои худ дар соли 2015 ва ҳимоят аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон муттаҳам карда буд.

Равобити Теҳрон ва Душанбе ба вижа ба думболи даъвати Эрон аз Муҳиуддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвонии “меҳмони вижа” ба Ҳамоиши “ваҳдти исломӣ” дар Теҳрон дар декабри 2015 рӯ ба тирагӣ гароид.

Пештар Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълом карда ва фаъолияти он дар кишварро мамнуъ шуда буд.

Аммо аз оғози соли 2020 дар изҳороти мақомоти ду кишвар, нишонаҳое аз танишзудоӣ дида шуд ва саранҷом Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2021 дар сафаре аз пешбарномарезинашуда ба Эрон сафар кард ва бо вазири дифоъ ва раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ дошт. Дар поёни ин гуфтугӯҳо мақомоти ҳар ду кишвар ба ҳамкорӣ дар бахши низомӣ таъкид карданд.

Дар моҳи майи ҳамон сол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи кишвар ҳам ба Эрон сафар карда ва бо мақомоти эронӣ дидор ва гуфтугӯ дошт.

Қариби ду ҳафта пеш ҳам Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон сафар кард ва пас аз дидор ва мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва мақомоти баландпояи низомии кишвар гузориш шуд, ки Эрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди паҳподи “Абобил-2 ” месозад.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри хабари ин дидор навишт, ки дар ин мулоқот, мавориди марбут ба равобити ду кишвар, ба хусус дар заминаҳои амниятӣ ва низомӣ ва техникӣ баррасӣ шудааст.

Дар ин корхонаа паҳподи “Абобил-2” тавлид мешавад, ки расонаҳои Эрон мегӯянд, барои амалиёти инҳидом тавоноии болое дорад ва метавонад маъмуриятҳое монанди шиносоӣ ва тасвирбардории ҳавоӣ ҳам анҷом диҳад.

Се рӯзи пеш ҳам Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар нишасти гуфтугӯҳои амнияти минтақаӣ барои кумак ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ба пойтахти Тоҷикистон сафар кард.

Иброҳими Раисӣ низ дар аввалин сафари хориҷии худ баъд аз раёсатҷумҳурӣ, барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ба Душанбе рафт. Тоҷикистон пештар борҳо бо узвияти Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай мухолифат карда буд.

Ҳоло ҳам шахси президенти Эмомалӣ Раҳмон сафари дурӯза ба Эрон дошт ва дидорҳои дар сатҳи олӣ бо Оятуллоҳ Хоманӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури ин кишвар, Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раисҷумҳур ва Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии ин кишвар дошта ва 17 санад ҳам ба имзо расндааст, ки ҳамаи инҳо нишондиҳандаи як даречаи нав ба сӯи муносиботи беҳтар аз гузашта ва аз сардӣ ба гармӣ гароидани равобити ду кишвар мебошад.

Иброҳими раисӣТоҷикистонҶумҳурии Исломии ЭронЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment