Мулоқоти Раҳмон ва Раисӣ ин бор дар Теҳрон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати воломақоми сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Эрон сафар кардааст, мавриди истиқболи раисиҷумҳури ин кишвар қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати воломақоми сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Эрон сафар кардааст, мавриди истиқболи Иброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури ин кишвар қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Эрон сафар кардааст, аз сӯи Сайид Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон истиқбол шуд.

Маросими истиқболи расмии Сайид Иброҳими Раисӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи рӯзи душанбе дар ниҳоди фарҳангии Саъдобод бо пахши суруди миллии ду кишвар сурат гирифт.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Раисӣ шакл гирифтааст.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам дар моҳи сентябр ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва барои ширкат дар нишасти Шанҳай ба Душанбе сафар кард, ки дар ҷараёни он ҳашт санади ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон аз сӯи мақомоти ду кишвар ба имзо расид.

Оғози узвияти расмии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанҳай як дастоварди дигари сафари Иброҳими Раисӣ аз Тоҷикистон дар соли гузашта буд.

Гуфтугӯ ва машваратҳои ҳайатҳои ду кишвар, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ аз тарҳҳои сафари дурӯзаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон аст.

Президенти кишварро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия ҳамроҳӣ карданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ сафар намуданд. Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода низ ҳузур дорад.

Бо рӯи кори омадани Раисӣ, ба ҳайси президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба назар мерасад сардию яхзадагии муносиботи ду кишвар рӯ ба гармӣ овардааст ва ҳоло прездинети Тоҷикистон пас аз 9 сол ба Теҳрон сафар кардааст, ки ин метавонад умедбахши тақвияту таҳкими равобиту муносиботи дӯстонаи бештари ду кишвари ҳамзабон дар арсаҳои гунонон бошад.

РаисӣРаҳмонСозмони Ҳамкории ШанхайТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment