Имзои 17 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

Тоҷикистон ва Эрон истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббосро василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо хондаанд.

Тоҷикистон ва Эрон истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббосро василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳо хондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар теҳрон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои кишварҳоро баррасӣ кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раҳбари давлат.

Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Эронро аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи сиёсати хориҷии худ қарор додааст афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин раванд тақвияти муколамаи созандаи сиёсӣ миёни ду давлат, дар асоси ҳусни тафоҳум ва эътимод ва бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муштараки таърихӣ тавсеаи ҳамкории судманди миёни кишварҳо зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти босамари “гурӯҳҳои дӯстӣ”, ҳамкориҳои фарогирро дар бахшҳои иқтисод нақлиёт, энергетика, саноат, фарҳанг, маориф ва илм ва амният омили муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ кардаанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба афзоиши гардиши тиҷорат таъкид карда, таҳия ва татбиқи Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030, таъсиси Палатаи муштараки савдо ва саноати Тоҷикистон ва Эрон ва Шӯрои муштараки сармоягузориро мувофиқи мақсад шумурдаанд.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки намоишгоҳҳои молҳои кишварҳо ва ҳамоиши соҳибкорон ташкил шуда, таъсиси корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо сармояи муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон васеъ истифода карда шавад.

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт рушди зерсохтори иртиботӣ ва пайвастани шабакаҳои нақлиёти заминӣ, беҳбуди шароити мавҷуда ва истифодаи самараноки имконоти бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ҳамчун василаи муҳимми тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имкони ҳамлу нақли молу маҳсулот бар нафъи кишварҳо номида шуд.

Раҳмон ва Раисӣ ҳамчунин масоили амниятӣ ва Афғонистон мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои кибериро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар заминаҳои гуногун 17 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо кардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

РИА Новостӣ хабар медиҳад: Пас аз ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон музокирот дар сатҳи олӣ дар назар аст.
“Дар ҷараёни музокироти дар сатҳи олӣ ба нақша гирифташуда, дар назар аст, ки дурнамои равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Теҳрон баррасӣ шавад”.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқот як қатор санадҳои марбут дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг ба имзо расонанд.
Гуфта мешавад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ду рӯз давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Раисҷумҳури кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Русмати Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

президенти  кишварро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия ҳамроҳӣ карданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ сафар намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода низ ҳузур дорад.
Ёдовар мешавем, ки Сайид Иброҳим Раисӣ се маротиба ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват кард.

 

ТоҷикистонҲамкорӣЭрон
Comments (0)
Add Comment