Сафари раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҶИЭ

Раисҷумҳури кишвар дар сарварии ҳайати баландпояи сиёсӣ - иқтисодӣ ба Теҳрон сафар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар имрӯз 29 маи 2022 дар сарварии ҳайати баландпояи сиёсӣ – иқтисодӣ ба даъвати расмии Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар мекунад .
Истиқболи расмӣ, гуфтугӯи дуҷонибаи раисони ҷумҳур, машварати ҳайатҳои олии Эрону Тоҷикистон, имзои чанд санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ва мусоҳибаи матбӯотии руасои ҷумҳӯри ду кишвар аз барномаҳои ин сафари дурӯза аст .
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони сентябри 2021 ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва низ ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Шанхай ба Душанбе сафар кард, ки дар он 8 санади ҳамкории байни Эрону Тоҷикистон имзо шуд .

Эмомалӣ Раҳмон бори охир 9 соли пеш дар маросими қасамёдкунии раисҷумҳури собиқи Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ин кишвар сафар карда буд. Пас аз тирагиҳо дар муомилаҳои дипломатии ду кишвар, тайи ду соли ахир он рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

 

музокирамулоқотСайид Иброҳими РаисӣсиёсатЭмомалӣ Раҳмаон
Comments (0)
Add Comment