Раҳмон вориди Теҳрон шуд

Президенти Тоҷикистон бо ҳадафи сафари расмии ду рӯза дар раъси як ҳайати баланд пояи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Теҳрон шуш.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо ҳадафи сафари расмии ду рӯза дар раъси як ҳайати баланд пояи сиёсӣ ва иқтисодӣ лаҳазоти қабл вориди Эрон шуд.

Пас аз мароси истиқболи расмӣ, мулоқоти хусусии президентҳои Тоҷикистон ва Эрон, музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар б имзои санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ва нишасти матбуотӣ бо ҳадафи табйини натоиҷи дидору гуфтугӯҳои ду тараф аз барномаҳои ин сафар эълон шудааст.

Президенти Тоҷикистон тавассути визири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон, Алиакбари Меҳробиён мавриди истиқбол қарор гирифт.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон бо даъвати расмии Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон анҷом шудааст.

Қобили зикр аст, ки Раисӣ сентябри 2021 ба даъвати ҳамтои тоҷики худ ва низ ба манзури ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Шанхай ба Душанбе сафар кард, ки дар он 8 санади ҳамкории байни Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд.

 

Иброҳими раисӣТоҷикистонЭмомалӣ РаҳмонЭрон
Comments (0)
Add Comment