Ҳушдори Гутерреш дар буҳрони паноҳандагии минтақаи ғарби Осиё дар конуни буҳрон

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо интиқод аз афзоиши кучи иҷбории мардум дар кишварҳои мухталиф, паноҳҷуёнро як буҳрони сиёсӣ унвон кард.

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милллали Муттаҳид дар твиттер навишт: Акнун 100 миллион нафар маҷбур ба тарки хонаи худ шуданд ин буҳрони паноҳандаги нест ва паноҳандагон иллати ин масъала нестанд ин як буҳрони сиёсӣ аст ва танҳо бо ҳамбастагӣ ва иродаи сиёсӣ ҳал хоҳад шуд.

Буҳрони паноҳандагӣ ба хусус дар даҳҳаи дуввуми қарни 21 ва бо оғози буҳронҳои ғарби Осиё раванди фузуни гирифта аст. Таҳлилгарон аз сели азими ҷамъияти овора бо унвонҳои назири кучи бузург ё фоҷеъаи хомуш ёд мекунанд, ки аз даҳҳаи дуввуми қарни 21 то кунун рух дода аст.

Ифротигароӣ мавриди ҳимояти қудратҳои ғарбӣ ва бархе қудратҳои минтақавӣ заминаи ошкор шудани даргириҳои дохилӣ ва ҳамчунин ҷанги террористиро фароҳам карда аст. Террористҳои мавриди ҳимоят бо эҷоди хушунатҳои бесобиқа зидди ғайринизомиён ба хусус занон ва кудакон бахши бузурги аз онҳоро овора карданд.

Сурия ва Ироқ ду кишвари ҳастанд, ки аз ҳама дар минтақаи ғарби Осиё бо хушунатҳои густардаи ифротигароён муваҷаҳ шуданд ва миллионҳо ғайринизомӣ дар ин кишварҳо дар дохил ва ба хусус хориҷи ин кишварҳо овора шуданд.

Яман дигар кишваре аст, ки ҷамъияти овораи зиёди дар солҳои ахир дошта аст. Ҷанги номутаъорафи Арабистони Саъудӣ ва муттаҳидонаш зидди Яман, ки ба аз байни рафтани зерсохтҳо ва кушта ва захми шудани садҳо ҳазор нафар мунҷар шуд, омили оворагии ғайринизомиёни яманӣ ба хусус занон ва кудакон аст. Бо ин ҳол мардуми Яман пеш аз ин ки ба хориҷ аз ин кишвар гусел шаванд дар дохили кишвар овора шуданд, ки албата ин вазъият низ табаъоти зиёди ба хусус гуруснагӣ ва бемориро барои онҳо дар пай дошта аст.

Фаластин замоне бузургтарин ҷамъияти овораи ҷаҳонро дар ихтиёр дошт агарчи ин унвон акнун ба кишварҳои дигар аз ҷумла Сурия ихтисос пайдо кард, аммо ҳамчунон оворагони фаластинӣ дар кишварҳои мухталиф бо ранҷи зиёд муваҷаҳ ҳастанд, режими саҳюнистӣ аз бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон монеъ мешавад.

Аз байн рафтани давлати Афғонистон ва тасалути Толибон дар ин кишвар ҳамаи ҷаҳониёнро шока кард, тасвирҳо ва саҳнаҳои марбут ба мавҷи муҳоҷират ва хуруҷи афғониҳо дар фурудгоҳи Кобул бисёр такондиҳанда буд ва бори дигар миллионҳо афғонӣ овора шуданд ва буҳрони паноҳандагон ба титри яки расонаҳо табдил шуд.

Нуктаи муҳими дигар шеваи хуруҷи оворагон аз кишварҳояшон аст оворагоне, ки ба ночор аз кишвари худ овора ва озими кишварҳои дигар шуданд. Аз масирҳои амн ва қонунӣ барои муҳоҷират истифода накарданд зеро амалан имкони истифода аз ин масирҳо вуҷуд надошт. Равишҳои хуруҷи оворагони афғонӣ борҳо аз расонаҳо мунташир шуд, ки баёнгари тарсу ваҳшати онҳо аз ба қудрат расидани Толибон дар ин кишвар буд.

Ба ҳамин асос Гутерреш дар твиттери худ навшит: Мо ба масирҳои амн ва қонунӣ барои муҳоҷирон ва паноҳандагон ниёз дорем.

Вуқуи буҳрони Украина низ бори дигар сабаби таваҷҷуҳ ба масалаи паноҳандагон шуд. Тафовути буҳрони Украина бо буҳронҳои минтақаи ғарби Осиё дар ин аст, ки буҳрони паноҳандагон дар минтақаи ғарби Осиё бо бетаваҷҷуҳии ошкори қудратҳои ғарбӣ муваҷҷаҳ шуд, аммо дар Украина вазъият мутафовит буд ва ин қудратҳо нигарони паноҳандагони украинӣ шуда ва талош карданд ба онҳо кумак кунанд.

Нуктаи поёни ин ки ҳануз ҳам агар иродаи ҷаҳонӣ барои расидагӣ ба буҳрони паноҳандагон шакл нагирад ин вазъият бадтар хоҳад шудва фоҷеъаи бузургтари шакл хоҳад гирифт.

Арабистони саъудӣГутеррешғарби ОсиёТолибонУкраина
Comments (0)
Add Comment