Исломобод масдуд шуд

Ҳамаи роҳҳои мунтаҳӣ ба Исломободи пойтахти Покистони имрӯз дар остонаи тазоҳуроти бузурге, ки Умрон Хон, сарвазири барканор шуда ва ҳомиёнаш барномарезӣ карда буданд, масдуд шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Покистон дар ҳоле, ки буҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар бадтар шудааст, давлати Покистон роҳпаймоии эътирозии аз пеш барномарезӣ шудаи Умрон Хонро мамнуъ эълон кардааст.

Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, пас аз инки рӯзи сешанбе неруҳои полис бо ҳомиёни Умрон Хон, сарвазири барканор шудаи Покистон даргир шуданд ва тайи ин даргириҳо теъдоде куштаву захмӣ барҷой гузошта шуд мамнуъияти ин роҳпаймоии эътирозӣ тавассути Раъно Сноуллоҳ, вазири кишвари Покистон эълон шуд.

Мақомоти покистонии имрӯз тамомии роҳҳои аслии Исломобод, пойтахтро масдуд карданд. Ин роҳпаймоӣ нигарониҳо аз даргириҳои хушунатомез байни ҳаводорони Хон-роҳбари аршади мухолифони кишвар-ва неруҳои амниятиро афзоиш додааст.

Умрон Хон имрӯз (чаҳоршанбе) аз ҳомиёни худ хост то дар Исломобод тазоҳуротеро барпо кунанд. Вай таъкид кард, ки баргузарии “эътирозоти мусолиматомез” ҳаққаш аст.

Умрон Хон, сарвазири собиқи Покистон, ки дар моҳи апрел бо роъйи адами эътимод барканор шуд, мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пушти барканории вай аз қудрат будааст.

ИсломободПокистонТазоҳуротУмрон Хонэътироз
Comments (0)
Add Comment