Зеленский хостори музокироти мустақим бо Путин шуд

Владимир Зеленксий, раисҷумҳурии Украина гуфт ӯ фақат мехоҳад ба таври мустақим бо Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия музокира кунад ва аз тариқи миёнҷигарон ин музокиротро анҷом хоҳад дод.

Зеленский хитоб ба ҳозирн дар Маҷмаъаи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Давоси Шветсария ҳамчунин гуфт: Агар раисҷумҳурии Русия воқеъиятро дарк кунад имкон ёфтани роҳи ҳали дипломотик барои берун рафтан аз ин даргири вуҷуд дорад.

Зеленский ҳамчунин афзуд: Украина то бозгардондани ҳамаи сарзаминҳои худ ба ҷанг идома хоҳад дод.

Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия 21 феврал бо интиқод аз бетаваҷҷуҳи ғарб ба нигарониҳои амниятии Маскав истиқлоли Данстк ва Луганскро дар минтақаи Донбас ба расмият шинохт.

Раисҷумҳурии Русия се рӯз пас аз он 24 феврал ҳамлаи низомӣ ба Украинаро оғоз кард.

Ҷанг дар Украина ва вокунишҳо ба иқдомоти Русия ҳамчунон идома дорад.

Владимир ЗеленскийВладимир ПутинДансткЛуганскмузокираРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment