Болоравии нархи орд ва равған дар Тоҷикистон

Қимати орд ва равғану шакар, умдатарин маводи ғизоии воридотии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, савдо суст шудааст.

Қимати орду равғану шакар, умдатарин маводи ғизоии воридотии Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, савдо суст шудааст.

Тағйирёбии нархи орд дар бозорҳои кишвар, як моҳи пеш шурӯъ шуда буд ва ҳоло як халтаи навъи якум то ба 370 сомонӣ баробар шудааст.

Бино ба гуфти фурӯшандаҳои бозори “Панҷшанбе” – и Хуҷанд давоми як моҳи охир қиммати ин маводи ғизоӣ 50 сомонӣ боло рафтааст.

фурӯшанда иброз намуд :

“Як моҳ пеш як халатаи 50 килоии орди навъи якум 310 – 320 сомонӣ ва халтаи 45 килоии навъи дуюм 265 сомонӣ буд, ҳоло нархҳо 370 ва 315 сомонӣ аст”.

Ин ҳамсуҳбати мо сабаби тағйирёбии нархро ба мушкили болоравии қимати воридоти гандум аз кишвари Қазоқистон рабт дод.

Вай афзуд :

“Ҳоло арзиши воридоти гандум, назар ба моҳҳои қаблӣ гаронтар шудааст”.

Болоравии нархи орд дар ҳолест, ки рӯзҳои охир нархи равған ва шакар низ дар бозорҳо гарон шудааст.

Бино ба таҳлили Sputnik Тоҷикистон давоми даҳ рӯзи охир арзиши ҳар литр равғани офтобпараст 3 сомонӣ ва нархи ҳар кило шакар ба беш аз 1 сомонӣ баланд шудааст.

Бино ба мушоҳидаҳо, ҳоло 5 литр равғани навъи “Олейна”, ки асосан аз Русия вориди бозорҳои кишвар мешавад ба 140 сомонӣ баробар шудааст. Чизе, ки як ҳафта қабл 125 сомонӣ арзиш дошт.

Карим, яке аз тоҷирони бозори “Гулистон” -и Хуҷанд зимни суҳбат иброз намуд, ки дар пайи болоравии нархи равғани офтобпараст, равғани пахта аз ҷумла “Авангард” низ дар бозорҳои Суғд то ба 120 сомонӣ боло рафтааст.

фурӯшанда зикр намуд :

“Даҳ рӯз пеш як зарфи 4, 5 литраи “Авангард” 105 сомонӣ буд, ҳоло қариб ҳар литри он 3 сомонӣ боло рафтааст. Мо ҳам инро харида мефурӯшем онҳое, ки инро ворид мекунанд, вақтҳои охир бо нархи нисбатан баланд ба мо медиҳанд” .

Дар пайи гароншавии равған, арзиши шакар ҳам, ки асосан аз Русия ва Ҳундустон вориди бозорҳои Тоҷикистон мешавад, тағйир ёфтааст.

Алъон як халтаи 50 килоии шакари истеҳсоли Русия 680 сомонӣ ва тавлиди Ҳиндустон то ба 600 сомонӣ дакка хурдааст.

Фурӯшандаҳо иброз мекунанд, ки ҳоло нархи як кило шакар 13, 5 ва 12 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки даҳ рӯз қабл 12, 5 ва 11, 5 сомонӣ арзиш дошт.

Пештар сабаби болоравии нархи воридоти чунин навъ маводи ниёзи рӯзғор ба тағйирёбии арзиши доллар рабт дода мешуд.

Як моҳ ба ин тараф қимати 100 доллари амрикоӣ аз 1300 сомонӣ ба 1200 сомонӣ поён рафтааст.

Ҳоло тоҷирон сабаби тағйирёбии нархи маҳсулотро ба таври амиқ шарҳ дода наметавонанд. Дар ҳамин ҳол аксари чаканафурӯшони бозорҳо иброз менамоянд, ки бо сабаби болоравии нарх, ба суръати савдои онҳо таъсир расонидааст.

Як чаканафурӯши бозори “Панҷшанбе” изҳор намуд :

“Пештар мардум омада як лухт халтаи орду шакар ва бучкаи равғанро мегирифтанд, ҳоло меоянду мегӯянд, ки барои ман фалон кило орду шакару равғану баркаш. Мо ҳам хоҳиши хариддорро рад карда наметавонем”.

Орду равғану шакар, маводи аслии ғизоиест, ки умдатан аз хориҷи кишвар аз Русияву Қазоқистон ва Ҳиндустон вориди бозорҳои Тоҷикистон мешаванд.

Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, давоми моҳҳои январ – апрели соли ҷорӣ 266 832 тон ғалла, 15 419 тон равғани растанӣ ва 4 191 тон шакар ворид шудааст.

 

ордравғанТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment