Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия

Тоҷикистону Малайзия азм доранд, ки ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишварро баргузор кунанд, ки интизор меравад, таконе дар муносибот гардад

Ардашер Қодирӣ сафири кишвар дар Малайзия бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзия Аҳмад Назлан ибни Идрис густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо мавзуи баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Малайзияро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор намуданд.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ ба нафъи мутақобила изҳор намуда, ба аҳамияти талошҳои муштарак барои таҳкими ҳамкорӣ дар оянда таъкид доштанд.

Қаблан гуфта мешуд, ки меваҳои вилояти Суғд ҳамакнун ба Малайзия содир мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ин вилоят хабар дод ва изҳор дошт, ки чанде қабл мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири ҶДММ “Баракат-Исфара” Борис Игнатенко, директори генералии ин ширкат Дилшод Ҷабборӣ сурат гирифт ва масъалаи содироти меваҷот аз вилояти Суғд ба Малайзия баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон низ ахиран дар паёмаш ба шоҳи Малайзия Абдулло Султон Аҳмад ба муносибати 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ҳавасмандияшро барои таҳкими ҳамкорӣ баён дошт.
Дар хабар таъкид гаштааст: “Мо омодаем, ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ идома диҳем”.
Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки ин ба манофеи мардуми ду кишвар хидмат хоҳад кард.

Абдулло Султон АҳмадАрдашер ҚодирӣБорис ИгнатенкоДилшод ҶабборӣиқтисодМалайзияРаҷаббой АҳмадзодаСафирҲамкорӣЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment