Баррасии ҳамкориҳову вазъи Афғонистон меҳавари дидори Рустам ва Бердимуҳаммадов

Рустами Эмомалӣ, ки имрӯз (чоршанбе) бо ҳадафи иштирок дар форуми байнипарлумонии кишварҳо ба Туркиманистон сафар кардааст, ҳомкориҳои ду ҷонибаро бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баррасӣ кард.

Ба гузориши сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Наврӯз Қурбонзода Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот ва ҳамкориҳои ду ҷонибаро баррасӣ карда нисбат ба вазъияти Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд.

Дар оғози мулоқот Рустам Бердимуҳаммадовро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон табрик карда, ба ӯ дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.

Дар мулоқот таъкид шудааст, ки раванди рушди бомуваффақияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳоло дар ҳама арсаҳои ҳамкорӣ хуб ҷараён дорад.

Ҳамзамон дар мулоқот дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардидааст.

Ҷонибҳо ҳамзамон аз густариши равобити тиҷорӣ тайи солҳои ахир гуфта, ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Рустам ҳамчунин дар робита ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии муштараки мавқеъҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон ташаббуси роҳбарияти Туркманистонро оид ба таҳияи стратегияи СММ, ки ба татбиқи чораҳои энергетикаи камкарбон нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.

Ҳамчунин дар ин дидор тарафайн ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ карданд.

Вазъи пуршиддати сиёсии Афғонистон яке аз мавзуоти меҳварии мулоқоти шаҳрдори Душанбе бо президенти собиқи Туркманистон будааст.

Ҷонибҳо гуфтаанд, тамоюли мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкими мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя ташвишовар аст.

Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза, ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шуморидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсояҳои Афғонистон ҳастанд, ки бо ин кишвар марзи зиёди муштарак доранд.

Қурбангулӣ БердимуҳаммадовРустами ЭмомалӣТоҷикистонТуркманистон
Comments (0)
Add Comment