Омодабоши нерӯҳои Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расидани тирҳо аз сӯи Афғонистон ба хоки кишварро шарҳ дода, тавоноии нерӯҳо барои ҳифзи марзро таъкид кардаст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расидани тирҳо аз сӯи Афғонистон ба хоки кишварро шарҳ дода, тавоноии нерӯҳо барои ҳифзи марзро таъкид кардаст.

Тоҷикистон нерӯҳои марзбонияшро ба ҳолати омодабоши пурраи ҷангӣ гузаронда, шарҳи ҷониби толибҳоро дар бораи тирпаронии ахир сӯи ҶТ ироа кардаст.

Мақомоти марзбонии КДАМ Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз қавли нерӯҳои толибҳо овардаст, ки тирҳо ба хоки ҷумҳурӣ аз сӯи Афғонистон тасодуфан расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, толибҳо тавзеҳ додаанд, ки дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии “Панҷ”, 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 қувваҳои гуруҳ бо ҷангиёни ДИИШ* вориди задухӯрд шудаанд.

Таъкид шудааст, ки ин задухӯрд 1,5 соат идома дошта, тирҳо ба қаламрави Тоҷикистон тасодуфан расидаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи толибҳо дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд”, – омадааст дар иттилоияи КДАМ.

Таъкид гардидаст, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд, афзуд КДАМ.

КДАМ вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро муътадил арзёбӣ карда, афзудаст, ки вазъ таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Сомонае, ки изҳороту иддаои созмонҳои террористию экстремистиро пайгирӣ мекунад, дар бораи ҳамлаи ахири мушакӣ ба марзи Тоҷикистон баёния нашр кардаст.

Гуруҳи хуросонии созмони террористии “ДИИШ”* масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро ба уҳда гирифтаст.

Дар ин бора “Site Intelligence Group” хабар додаст, ки изҳороти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад.

Дар изҳороте, ки аз қавли “ДИИШ” * дар ин пойгоҳ нашр шудаст, таъкид гардидаст, ки партоби мушакҳо кори дасти аъзои ин гуруҳ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки манобеъ аз мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд, аммо изҳор дошт, ки мояи нигаронӣ нест.

Як манбаъ дар Раёсати марзбонии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба минтақаи Фархор андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.

Вай гуфт :

“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид”.

Манбаъ таъкид кард, ки ин ҳодисаи ҷиддӣ нест ва мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошанд

Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибҳо хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.

Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.

Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.

 

Comments (0)
Add Comment