“ДИИШ” ҳамлаи мушакӣ ба Тоҷикистонро ба уҳда гирифт

Сомонае, ки изҳороту иддаои созмонҳои террористию экстремистиро пайгирӣ мекунад, дар бораи ҳамлаи ахири мушакӣ ба марзи Тоҷикистон баёния нашр кардаст.

Сомонае, ки изҳороту иддаои созмонҳои террористию экстремистиро пайгирӣ мекунад, дар бораи ҳамлаи ахири мушакӣ ба марзи Тоҷикистон баёния нашр кардаст.

Гуруҳи хуросонии созмони террористии “ДИИШ”* масъулияти ҳамлаи мушакӣ ба хоки Тоҷикистонро ба уҳда гирифтаст.

Дар ин бора “Site Intelligence Group” хабар додаст, ки изҳороти созмонҳои террористиро пайгирӣ мекунад.

Дар изҳороте, ки аз қавли “ДИИШ” * дар ин пойгоҳ нашр шудаст, таъкид гардидаст, ки партоби мушакҳо кори дасти аъзои ин гуруҳ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки манобеъ аз мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд, аммо изҳор дошт, ки мояи нигаронӣ нест.

Як манбаъ дар Раёсати марзбонии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба минтақаи Фархор андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.

Вай гуфт :

“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид”.

Манбаъ таъкид кард, ки ин ҳодисаи ҷиддӣ нест ва мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошанд

Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибҳо хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тойота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.

Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.

Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ба дунболи Ӯзбекистон ҳамакнун ҳамлаи мушакӣ аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон сурат гирифт, аммо мақомот мегӯянд ҷойи нигаронӣ надорад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамлаи мушакӣ аз марзҳои Афғонистон ба қаламрави ин кишварро таъйид карданд.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистон мавриди ҳамлаи мушакии як гуруҳи террористӣ қарор гирифтааст.

Як манбаъ дар Раёсати марзбонии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз марзи Афғонистон ба ҳисоб 7 мушак ба марзи Тоҷикистон дар минтақаи Фархон андохта шудааст, ки чор ракета дар дарёи Ому афтода, се адади дигараш ба ҷангалҳои лаби дарё афтодаанд.

Вай гуфт :

“Ҳеҷ осебе ба марзбонон ё посгоҳи мо нарасидааст. Сарбозони мо мошинеро, ки дар он террористон буданд, дар ҳамон марзи Афғонистон аниқ нишон гирифтанд. Мошинашон пурра дар пеши чашми марзбонони мо сӯхт. Се террорист захмӣ шудаанд, яке ҳам шадид. Як ҳодисаи ҷиддӣ нест. Мардуми Тоҷикистон бояд нигарон набошанд”.

Қаблан расонаҳои Афғонистон аз қавли пулиси толибон хабар доданд, ки чаҳор террорист савори як сабукрави сароча (седан) – и навъи “Тайота Королла” дар минтақаи Қафлотуни вулусволии Хоҷаи Ғори вилояти Тахор пайдо шуда, аз як силоҳи худсохти “БМ 1” чаҳор мушак ба марзҳои Тоҷикистон андохт карданд.

Ин расонаҳо сӯхтани мошини террористонро таъйид кардаанд.

Ҳамзамон ин расонаҳо навиштанд, ки толибон ин ҳамларо кори дасти ДОИШ* ва сокинони маҳал кори дасти Ҷамоати Ансоруллоҳи* террористони тоҷикистонӣ арзёбӣ кардаанд.

Ин бори дуввум аст, ки дар як моҳи охир аз Афғонистон ба марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамлаи мушакӣ сурат мегирад. Аммо огаҳони ҳол мегӯянд, ки мушакҳои сохтаи террористон сарак надорад ва дур рафта наметавонад.

18 апрел ва ахиран панҷуми май низ марзи Ӯзбекистон низ аз вулусволии Шӯртеппаи вилояти Балх мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд.

Масъулияти онро гуруҳи террористии ДОИШ* ба дӯш гирифта буд. Ҳамлаи ба марзи Тоҷикистонро то ба ҳол ҳеҷ созмон ба дӯш нагирифтааст.

 

ДИИШТоҷикистонҳамлаи мушакӣ
Comments (0)
Add Comment