Сиёсати режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластин, фашистӣ аст

Ба эътиқоди коршиноси масоили сиёсӣ ва амниятии минтақа, сиёсате, ки режими саҳюнистӣ тайи даҳаҳои тӯлонӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин пиёда мекунад, бо сиёсати фашисм ҳеҷ тафовуте надорад.

 

 

Ҳусайн Асубалиев, коршиноси масоили сиёсӣ ва амниятии минтақа зимни ёддоште, ки дар ихтиёри хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе қарор дод, рӯзи ҷаҳонии Қудсро дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва муаррифии симои воқеӣ режими саҳюнистӣ муҳим унвон кард.

Дар ин ёддошт омада аст: дар рӯзи ҷаҳонии Қудс қалбҳои мусулмонони саросари ҷаҳон беш аз ҳар замони дигаре барои Фаластин ва муборизаи хастаги нопазири мардуми мазлуми он дар роҳи озодӣ ва истиқлол дар баробари режими ҷинояткори саҳюнистӣ метапад. Бинобар ин ҳимоят аз Фаластинро метавон милоки ҳамбстагии уммати исломӣ барои муқобила бо иқдомоти ваҳшёнаи режими саҳюнистӣ таҳти ҳимояти ғарб донист.

Мусулмонони ҷаҳон ин нуктаро низ ба хубӣ дарк мекунанд, ки рӯзи Қудс танҳо рӯзи Фаластин набуда, балки намоди мубориза барои истиқлол ва раҳоӣ аз зулми кишварҳои империалистӣ аст, ки дар тӯли қарнҳо дар умури миллатҳои мусулмон мудохила кардаанд.

Ҳамчунин ин рӯз паёмовари таҳаввулоти ояндаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷаҳони ислом аст, ки тибқи пеши биниҳои имом Хумайнӣ (ра) мунҷар ба он хоҳад шуд, ки арзишҳои бунёдин ислом мабнои тавсеаи миллатҳои мусулмонро ташкил хоҳад дод.

Бо ин ҳол таҳаввулоти сарзаминҳои ишғолӣ нишон медиҳад, ки дар воқеъ режими саҳюнистӣ сол ба сол бидуни таваҷҷуҳ ба фишорҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ҷиноёти худ алайҳи мардуми Фаластинро афзоиш медиҳад. Аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон низомёни ин режими ғайри инсонӣ, борҳо бар намозгузорон дар Масҷидулақсо ҳамла бурданд, ки мунҷар ба талафот дар миёни Фаластиниҳо шуд.

Режими саҳюнистӣ бо истифода аз сиёсати фашистӣ, фазои ғайри қобили таҳаммулеро барои зиндагӣ ва анҷоми шаоири динии мардуми бумии Фаластин эҷод карда, зимни ташдиди сиёсати зулм ва истибдод нисбат ба мусалмонон, ба таври мудом ба шаҳрак созиҳои худ дар сарзамини Фаластин идома медиҳад.

Густариши доманаи искон барои намояндагони як миллат ва ҳамзамон қатл ва куштори намояндагони миллати дигар бидуни тардид фашисм аст. Дар ҳақиқат саҳюнистҳо аз ҳамон тактикҳо истифода мекунанд, ки дар замони худ, Олмони нозӣ алайҳи яҳудиёни Аврупо ба кор гирифта буд.

Ташдиди сиёсати зулм ва ситам, талош барои тахриби амокуни динӣ ва тамаддуни исломӣ, ҳамаи инҳо нишон аз ноумедии режими саҳюнистӣ ва наздики шудани поёни умри он аст. Дар ин авохир теъдоде аз подшоҳиҳои араби халиҷи Форс либоси муттаҳидони ҷадиди Исроил дар минтақаро бар тан карда ва аз сиёсати саҳюнизм дар Фаластин ҳимояти зимни ба амал меоваранд. Ин нишон диҳандаи он аст, ки раҳбарии сиёсии ин кишварҳо дигар худро бо манофеъи муштараки ислом ва миллатҳои мусалмон ва ҳамин тавр шаҳрвандони худашон муртабит намедонанд.

Дар чунин як шароите рӯзи ҷаҳони Қудс ба унвони намоде аз ҳамбстагии мусулмонон бо мардуми Фаластин ва иттиҳоди уммат барои ҳифзи манофеи худ дар баробари истикбори ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигаре аҳамияят дорад.

ҚудссаҳюнистӣФаластинфашистӣ
Comments (0)
Add Comment