Ҷаҳон хостори таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо дар Масҷидулақсо

Ҳазорон нафар аз мардуми Канада ва кишварҳои Аврупоӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлум ва бе дифои Фаластин, хостори поёни хушунат ва тааррузи саҳюнистҳо ба намозгузорон дар Масҷидулақсо шуданд.

 

Ҳазорон нафар аз мардуми Канада ва кишварҳои Аврупоӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлум ва бе дифои Фаластин, хостори поёни хушунат ва тааррузи саҳюнистҳо ба намозгузорон дар Масҷидулақсо шуданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, таҷовузи низомёни саҳюнистӣ ва шаҳракнишинон алайҳи Масҷидулақсо ва Фаластиниҳо дар моҳи мубораки Рамазон шиддат пайдо карда ва тайи чанд рӯз ахир, Масҷидулақсо саҳнаи ҳамла ва юриши низомёни палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ буда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки муқовимати Фаластин дар хусуси ҳаргуна ташдиди таниш дар Байтул Муқаддас ба ишғолгарон ҳушдор дода ва ҳамзамон ҳамлаи низомёни палиди саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо, муҷиби вокунишҳои арабӣ ва маҳкумитҳои исломии фаровоне аз сӯи кишварҳо ва ниҳодҳои минтақа шуда аст. Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин низ эълом кардаанд, ки Телавив бо ин ҳамалот, масъули вазъиятҳои оянда ва вокунишҳои сахти Фаластинён хоҳад буд.

Хушунати саҳюнистҳо алайҳи мардуми мазлум ва бедифои Фаластин мавҷе аз эътирозоти мардуми саросари ҷаҳонро ба ҳамроҳ дошта то бо роҳ паймоӣ ва сардодани шиорҳои алайҳи ишғолгарии режеми касифи саҳюнистӣ, хоҳони таваққуфи истибдоди саҳюнистҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин шаванд.

Тасовири мунташир шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳокӣ аз он аст, ки садҳо нафар дар хиёбонҳои “Торонто” дар ҳимоят аз Фаластинён таҷаммӯъ карданд ва алайҳи ишғолгарии саҳюнистҳо шиор сардоданд ва хостори поёни тааррузи низомён палиди саҳюнистӣ ба намозгузорон дар Масҷидулақсо шуданд.

Тасовире низ дар сафаҳоти иҷтимоӣ мунташир шуда аст, ки нишон медиҳад, тазоҳуроткунандагон бо сар додани шиорҳое хостори поёни ишғолгари мешаванд.

Яке аз ҳомиёни мардуми Фаластин шиор медиҳад: «Як, ду се, чаҳор, дигар ишғолгари набояд вуҷуд дошта бошад…..панҷ, шаш, ҳафт, ҳашт, Исроил як давлати террористӣ аст».

Тасовири мунташир шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нишон медиҳад, ки ҳазорон нафар дар “Берлини”, Олмон хостори таваққуфи ҳарчи сареътари ҳамалоти низомёни палиди саҳюнистӣ ба намозгузорони Фаластин дар Масҷидулақсо шуданд.

Бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар ҷараёни роҳ паймоӣ ҳомиёни Фаластин дар Берлин, неруҳои амниятии Олмон, чандин нафарро боздошт карданд, ки албатта теъдоди дақиқи он номушаххас аст.

МасҷидулақсосаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment