16 Фаластинӣ тавассути низомёни саҳюнистӣ боздошт шуданд

Низомёни ҷинояткори режеми палиди саҳюнистӣ, имрӯз якшанбе, зимни ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ, 16 Фаластиниро бидуни тафҳими иттиҳом боздошт карданд.

 

Низомёни ҷинояткори режеми палиди саҳюнистӣ, имрӯз якшанбе, зимни ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ, 16 Фаластиниро бидуни тафҳими иттиҳом боздошт карданд.

Ба гузориш хабаргузории “Ал-Аҳд”, силсила иқдомоти хасмонаи низомёни кӯдак куш ва палиди саҳюнистӣ алайҳи шаҳрвандони мазлум ва бедифои Фаластин, дар арозии ишғолӣ ҳамчунон идома дорад. Низомёни ҷинояткори саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурданд ва шумореро боздошт карданд.

Бар асоси ин гузориш, ба думболи ҳамлаи густардаи низомёни саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ, даргирии шадиде миёни онҳо ва шаҳрвандони Фаластин дар гирифт. Шоҳидони айнӣ эълом карданд, ки 16 Фаластинӣ тавассути саҳюнистҳо боздошт шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар гурӯҳҳои муқовимати Фаластин ба ҷиноёти ахири режем кӯдак куши саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ вокуниш нишон доданд. Гурӯҳҳои муқовимати Фаластин дар ин хусус гуфтанд: «муқовимати фарогир» танҳо гузинаи боздорнда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.

Ин гурӯҳҳо ҳамчунин афзуданд: мо мӯътақидем, ки муқовимати мусаллаҳона танҳо гузинае аст, ки режеми палиди саҳюнистиро аз тадовуми иртикоби ҷиноятҳояш алайҳи шаҳрвандони мазлуми Фаластин дар арозии ишғолӣ боз медорад. Ҳаргиз аз ин гузина даст намекашем.

Каронаи БохтарӣсаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment