Кумаки 150 миллион долларии Бонки ҷаҳонӣ ба Қирғизистон

Қирғизистон ва Бонки ҷаҳони тавофуқномаеро барои таъмини молии чанд проект ба маблағи 150 миллион доллар имзо карданд.

 

Дар чаҳорчуби сафари кории Оқилбек Ҷабборов, нахуствазири Қирғизистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо мушорикати Бонки ҷаҳонӣ қарордодҳои молии ҷадиде ба маблағи 150 миллион доллар имзо шуд.

Ба гуфтаи Вазорати дороии Қирғизистон, ин будҷа барои проектҳои тавсеаи иқтисодии минтақаӣ ва барои беҳбуди хадамоти мудирияти оби муқовим дар баробари тағйироти иқлимӣ тахсис дода мешавад.

Шоёни зикр аст, ки аввалин проекти тавсеаи иқтисодии минтақаӣ бо ҳадафи афзоиши тавсеаи иқтисодии минтақаӣ аз тариқи фаъолиятҳои ҳадафманд дар минтақаи Боткен анҷом мешавад. Тарроҳи ин проект бо дар назар гирифтани авлавиятҳои Ҷумҳури Қирғизистон ва барномаи тавсеаи минтақаи Боткен то соли 2035 тавсеа ёфтааст.

Барои ин проект 50 миллион доллар тахсис дар назар гирифта шудааст.

Ҳамчунин ҳадафи проекти дувум афзоиши дастрасӣ ба хадамоти обрасонӣ дар ҳавзаҳои мунтахаби рӯдхона ва афзоиши зарфияти ниҳодӣ дар заминаи мудирияти об дар баробари тағйироти иқлимӣ дар сатҳои маҳаллӣ ва миллӣ аст, ки барои ин проект ҳам давлат дар назар дорад 100 миллион доллар сарф кунад.

Гуфта мешавад, ки нахуствазири Қирғизистон ҳамакнун дар як сафари корӣ дар Вашингтон ба сар мебарад.

Гуфтанӣ аст, ки вай дар сафари кории худ дар нишасти солонаи шӯрои ҳокимони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ширкат хоҳад кард ва ба муносибати сиюмин солгарди ҳамкории Қирғизистон ва Бонки ҷаҳонӣ силсила нишастҳое баргузор хоҳад кард.

Бонки ҷаҳонӣҚирғизистон
Comments (0)
Add Comment