Испания: Дусад тонна таслиҳот ба Украина додаем

Нахуст вазири Испания эълом кард маҳмулаи кӯмаки таслиҳоти дусад тоннаи кишвараш ба Украина озими Полша шуда аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Педро Санчес”, нахуст вазири Испания рӯзи панҷшанбе эълом кард, кишвараш ахиран дусад тонна кӯмаки низомӣ ба Украина фиристода аст.

Ба навиштаи рӯзномаи “Guardian”, Педро Санчес дар нишасти хабарии муштарак бо “Владимир Зелинский”, раиси ҷумҳури Украина ва “Мат Фредериксон”, нахуст вазири Дания гуфт: «ин бузургтарин маҳмулае аст, ки то ба ҳол фиристода шуда ва беш аз ду баробари чизе аст, ки то ба ҳол фиристода будем».

Ба гуфтаи нахуст вазири Испания, ин маҳмулаи таслиҳоти рӯзи панҷшанбе савоҳили Испанияро тарк карда ва мақсади баъдии он пеш аз расидан ба дасти Украиниҳо, Полша хоҳад буд.

Ӯ дар идомаи тавзеҳотш гуфт: «ин маҳмула, си камаз, чанд василаи нақлияи вижа ва даҳ иошини кӯчаки ҳомили таҷҳизоти низомиро шомил мешавад».

Нахуст вазири Дания низ дар ин нишасти хабарӣ, ба Владимир Зелинский ваъда дод кӯмакҳои низомии кишвараш ба Украинаро ҳудуди ҳаштод миллион доллар афзоиш хоҳад дод.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи панҷшанбе гуфт, кишвараш илова бар маблағи қаблӣ, ҳаштсад миллион доллари дигар ба Украина кӯмак хоҳад кард.

Вай гуфт: «ҳафтаи гузашта як бастаи кӯмаки амниятии 800 миллион долларӣ барои Украинаро имзо кардам, ки қобилиятҳои ҷадид аз ҷумла сомонаҳои тӯпхонаӣ ва мошинҳои зиреҳиро шомил мешуд».

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт: «имрӯз як бастаи 800 миллион долларии дигар барои афзоиши тавони Украина дар мубориза бо русҳо дар Донбассро эълом мекунам. Ин баста, кӯмакҳои тӯпхонаӣ, даҳҳо сомонаи гаубитса ва 144 ҳазор хишоби марбутаро шомил мешавад».

Байден афзуд: «ин баста ҳамчунин, паҳподҳои тактикиро шомил мешавад ва зарфи ду моҳи гузашта мо силоҳҳо ва таслиҳотро бо суръати бесобиқа ба Украина расондаем. Мо ҳазорон мушаки зидди зиреҳӣ ва зидди ҳавоӣ, болгард, хумпора андоз, мусалсалҳои сангин ва сабук, сомонаҳои радарӣ ва беш аз понздаҳ миллион хишоб ва муҳиммот барои Украина фиристодаем».

АмрикоИспанияПолшаРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment