Эълони омодагии Украина дар бораи музокираи бидун пеш шарт бо Русия

Музокира кунандаи аршади Украина аз омодагии ин кишвар барои музокираи бидуни пеш шарт бо Русия хабар дод.

Михаил Подоляк музокира кунандаи аршади Украина дар Твиттер навишт, ин кишвар омодаи музокираи вижа ва бидуни пеш шарт бо Русия дар шаҳри Мариопул аст.

Подоляк афзӯд: Ин музокира метавонад фарди ё гурӯҳи бо ҳадафи наҷоти нерӯҳо, артиш, ғайри низомиён, зиндаҳо ва маҷруҳонӣ Украини бошад.

Давид Арахамия музокира кунандаи дигари Украини низ эълом кард, ки омодааст дар Мариопул дар мавриди тахлияи нерӯҳои низомӣ ва ғайри низомиён аз ин шаҳр бо тарафи рус музокира кунад.

Игори Конашенков сухангӯи аршади вазорати дифоъи Русия бештар дар баёнияе аз нерӯҳои украинӣ дар Мариопул хост то силоҳои худро замин гузоранд.

Конашенков тасреҳ кард, то кунӯн як ҳазору 464 нерӯи украинӣ дар Мариопул худро таслими нерӯҳои Русия карданд.

Аз замони оғози ҷанги Русия ва Украина (24 феврал) то кунӯн, чанд давр музокира байни ҳайатҳои Русия ва Украина дар сутуҳи мухталиф анҷом шудааст, ки ба оташбаси фарогир мунҷар нашудааст

Михаил ПодолякмузокираРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment