Боздошти 200 фаластинӣ тайи танҳо ду ҳафтаи ахир

Маркази умури усаро ва озодагони Фаластин эълом кард, ки тайи ду ҳафтаи ахир, низомиёни палиди саҳюнистӣ 200 шаҳрванди фаластиниро боздошт кардаанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, маркази умури усаро ва озодагони Фаластин, имрӯз (панҷшанбе, 14 апрел), эълом кард, ки режими саҳюнистӣ аз оғози моҳи апрели ҷорӣ токунун, (танҳо тайи ду ҳафта) беш аз 200 фаластиниро боздошт карда аст.

Ба навиштаи хабаргузории Фаластинии “Мао”, низомиёни палиди саҳюнист, танҳо имрӯз, 30 фаластинӣ аз ҷумла бародарони шаҳид “Шаъс Гумҷӣ”, ки субҳи имрӯз дар Ҷинин ба шаҳодат расидро боздошт кардаанд ва ба макони номаълуме интиқол додаанд. Зимни ин ки ҳануз раванди боздошти шаҳрвандони фаластинӣ дар сояи ташдиди таниши ҷорӣ дар Каронаи Бохтарӣ идома дорад.

Шаҳиди Шаъс Гумҷӣ бародари асир “Айҳам Гумҷӣ” аст, ки чанде пеш ба ҳамроҳи панҷ асири дигар муваффақ ба фирор аз зиндони фавқи амниятии “Ҷалбуъ” шуда буд ва пас аз чанде муҷаддадан боздошт шуд.

Маркази умури усаро ва озодагони Фаластин ҳамчунин эълом кард, ки ишғолгарон аз аввали моҳи ҷории милодӣ, шаҳрвандони фаластиниро дар тамомии устонҳо ҳадаф қарор доданд, аммо умдаи тамаркузи саҳюнистҳо боздошти шаҳрвандони фаластинии сокини Қудс ва Ҷинин аст. Зимни ин ки шуморе аз Фаластиниҳои дастгир шуда маҷрӯҳ ҳастанд, ки “Нуриддин Ҷарбуъ”, “Асид Ҳамойл”, “Насим Шуман” ва “Дониёл Ал-Ҷобир” аз ҷумла онҳо ҳастанд ва дар бемористонҳои ғайринизомӣ таҳти боздошти саҳюнистҳо ҳастанд.

Банно бар ин гузориш, аксарияти боздошт шудагон аз лаҳзаи дастгирӣ то бозҷӯӣ, мавриди озору шиканҷаи барномарезӣ шуда қарор гирифтанд, илова бар он хонаводаҳои онҳо низ бо тахриби васоили дохили манозил дар чорчуби муҷозоти дастаҷамъӣ мавриди озору таҳдид қарор гирифтанд.

Пойгоҳи ибрии “Vala”, чанд рӯзи пеш гузориш дод, ки аз ибтидои моҳи январи соли ҷории милодӣ, беш аз 1100 фаластинӣ ба занни дастдоштан дар ончӣ «фаъолиятҳои террористӣ» хонда шуда, дастгир шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 800 нафар то ҳудуди як моҳи пеш ва мобақи тайи ҳафтаҳои ахир боздошт шудаанд.

Ин пойгоҳи ибрӣ ин теъдод дастгирӣ дар муддат замони кӯтоҳи тақрибан се моҳу нимаро «ҷаҳишии чашмгир» хонд ва ишора кард, ки соли гузашта, беш аз 2200 фаластинӣ дар саросари Каронаи Бохтарӣ дастгир шуданд ва ин дар ҳолеаст, ки то авосити моҳи апрели ҷорӣ артиши режими хунхори саҳюнистӣ ҳудуди нимӣ аз ин теъдодро боздошт карда аст.

Каронаи БохтарӣҚудссаҳюнистӣФаластини
Comments (0)
Add Comment