Мадуро: Ғарб қасд дорад аз тариқи ҷанг, Русияро тикка тикка кунад

Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла ҳушдор дод, ғарбиҳо қасд доранд аз тариқи ҷанги иқтисодӣ, дипломатик ва сиёсӣ, Русияро тикка тикка кунанд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Николас Мадуро” раиси ҷумҳури Венесуэла рӯзи шанбе дар бораи иқдомоти мутахосимонаи ғарб алайҳи Русия ҳушдор дод.

Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, Николас Мадуро гуфт: «ғарб дар ҳоли ҳамоҳанг кардани талошҳо дар ростои ҷанги бузурги иқтисодӣ, дипломатик ва сиёсӣ алайҳи Русия аст».

Ӯ дар идома гуфт: «инро аз сӯи Венесуэла мегӯям: онҳо (ғарбиҳо) ба дунболи ҷанг ҳастанд то Русияро тикка тикка кунанд ва ба умеди ки барои эҷоди ҷаҳони чанд қутбӣ вуҷуд дорад, хотима диҳанд».

Раиси ҷумҳури Венесуэла ҳамчунин иқдомоти ҳамоҳанг ва муштараки расонаҳои ғарбӣ алайҳи Русияро мисдоқи диктаторӣ дар итилоъ расонӣ тавсиф кард.

Амрико ва муттаҳидони ғарбии ин кишвар дар пайи интишори тасовири видеоӣ аз шаҳри Буча дар минтақаи Киев ки дар он ғайринизомиён даст баста кушта шуда буданд ва ин иқдомро ба неруҳои рус нисбат дода буданд, иқдомоти худро алайҳи Русия ташдид кардаанд.

Амрико шомгоҳи чаҳоршанбе, аз эъмоли таҳрим алайҳи аъзои хониводаи раиси ҷумҳур ва вазири хориҷаи ин кишвар хабар дод. Кохи Сафед бо интишори як баёнияе хабар дод, ки Амрико дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо муттаҳидонаш дар кишварҳои гуруҳи 7 ва иттиҳодияи Аврупо, фишорҳо алайҳи Русияро ба далели буҳрони Украина афзоиш дода ва таҳримҳои ҷадиде алайҳи Маскав эъмол кард.

Дар ҳамин росто, дар ҷадидтарин таҳримҳои бесобиқаи ғарб алайҳи Русия, Англис ба табаъият аз Амрико, дируз (ҷумъа) аз таҳрими духтарони “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия хабар дод. Тибқи баёнияи вазорати умури хориҷаи Англис, ду духтари раиси ҷумҳури Русия ва духтари вазири хориҷаи ин кишвар, машмули мамнӯъияти сафар ва масдуд шудани дороӣ хоҳанд шуд.

Дар ҳамин росто, “Анатолий Антонов” сафири Русия дар Иёлоти Муттаҳида ҳушдор дода аст, ки иқдомоти ғарб дар Украина хатарнок аст ва метавонад мунҷар ба тақобули низомӣ байни Амрико ва Русия шавад.

Анатолий Антонов, дар мусоҳибае бо “Newsweek” гуфт: «кишварҳои ғарбӣ мустақиман дар рӯйдодҳои ҷорӣ дахолат доранд, зеро ба пумпожи силоҳ ва муҳимоти Украина идома медиҳанд ва дар натиҷа ба хунрезии бештар доман мезананд».

АмрикоБучаВенесуэлаНиколас МадуроРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment