Арзоншавии баъзе аз маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ мегӯяд, қимати баъзе аз маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали моҳи март андаке поин омадааст.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ мегӯяд, қимати баъзе аз маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали моҳи март андаке поин омадааст.

Дар гузориши моҳонаи созмон дар бораи қиматҳо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 30-уми март нашр шуд, омадааст, равғани растанӣ дар охири моҳ дар муқоиса ба аввали моҳ 2 дар сад арзонтар шудааст.

Қимати картошкаву сабзӣ 5 дарсадӣ ва қимати як кило шакар то 1 дар сад поинтар омадааст. Айни замон бино ба ин гузориш қимати миёнаи як кило картошка дар Тоҷикистон 4 ва қимати сабзӣ 2.4 сомониро ташкил медиҳад. Қимати миёнаи як кило равғани рустанӣ ба 25.6 сомонӣ мерасад.

Бо вуҷуди ин қиматҳо дар муқоиса ба моҳи март дар Тоҷикистон бисёр баланд будаанд ва масалан қимати орд ва шакар аз 15 то 16 дар сад гаронтар шудааст. Қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, эъмоли таҳримот ба зидди Русия, ки яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон аст, бисёр боло рафт.

Заиф шудани рубли русӣ ҳам сабаби поин омадани арзиши сомонӣ пули миллии Тоҷикистон дар баробари дигар асъори хориҷӣ бахусус доллар шуд. Азбаски қисми зиёде аз маҳсулоти хӯрокаи Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад, поин омадани қурби сомонӣ ва боло рафтани қурби доллар сабаби гаронтар қимати шудани маҳсулоти воридотӣ мешавад.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Нархи сухт ва маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди ду баробар афзоиш ёфт.

Мақомот мегуянд, ки афзоиши нарх вобаста ба  густариши корона буда аст.

Ба гузориши манбаъ :

Гулноза Ҳасанзода раиси Ожонси давлатии Омори Тоҷикистон гуфт: Дар соли 2021 нархи мева ва сабзиҷот 24 дарсад, гушт 15 дарсад, руғани моеъ 15 дарсад, орд 8 дарсад ва шакар 4 дарсад афзоиш ёфт.

Аммо Соҳибҷон Сайдов, мудири умури нархгузорӣ дар ин ниҳод муътақид аст яке аз далоили афзоиши нархи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 афзоиши нархи сухт буда аст, ки ҳазинаи ҳамулу нақли колоро боло бурд.

Вай афзуд: Дар соли 2021 нархи ҳар литр бензин ба 11 сомону 20 дирам расид, ки дар соли 2020 ин шохис 6 сомону 80 дирам буд.

Вале Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисоддони тоиҷк мегӯяд дар Тоҷикистон роҳкорҳои коҳиши таварум ва захираи колоҳои асосӣ вуҷуд надорад.

Ӯ гуфт: Ҳамчунин барои коҳиши нархи маводи ғизоӣ бояд ба тавлидкунандагон сабукии молиёти ва арзонии  хуроки чорво дар назар гирифта шавад.

 

маводи ғизоӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment