Полша 45 дипломати русро ихроҷ мекунад

Ожонси амнияти дохилии Полша эълом карда аст, ки  45 дипломати русро ба иттиҳоми ҷосусӣ ихроҷ хоҳад кард.

 

Ожонси амнияти дохилии Полша эълом карда аст, ки  45 дипломати русро ба иттиҳоми ҷосусӣ ихроҷ хоҳад кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, ожонси амнияти дохилии Полша имрӯз (чаҳоршанбе) эълом кард, ки ин кишвари аврупоӣ қасд дорад 45 дипломати русро ба занни ҷосусӣ ихроҷ кунад.

Банно бар гузориши шабакаи русии “Роша Тудей”, ожонси амнияти дохилии Полша бо судури баёнияе муддаӣ шуд, ки ин афроди мазнун баъунвони «афсарони сервисҳои вижаи Русия ва афроди муртабит бо онҳо» тавсиф мешаванд, ки аз мавқеъияти дипломатик дар Полша бархурдор будаанд.

“Кристоф Ваклавок”, раиси ожонси амнияти дохилии Полша аз вазорати хориҷаи ин кишвар дархост карда аст то ин 45 дипломати русро унсури номатлуб эълом кунад ва онҳоро аз ин кишвар ихроҷ кунад.

Бар асоси гузориши “Роша Тудей”, ожонси амнияти дохилии Полша мегуяд, ки шавоҳидеро аз фаъолиятҳои махфии ин дипломатҳои руси ҷамъ оварӣ кардаанд ва муддаӣ шуда аст, ки яке аз ин афрод бо як шаҳрванди полшавӣ муртабит буда аст ва дар таърихи 17 март ба занни ҷосусӣ барои Русия боздошт шуда аст.

Дар баёнияи фавқ омада аст, ки ихроҷи қарибулвуқуъи теъдоди зиёде аз дипломатҳои рус, «ба далели сиёсати Русия дар қиболи ҷумҳурии Полша ва муттаҳидонаш» ва ҳамлаи Русия ба Украина аст, ки ин кишвар барои фишор бар Русия дунболи баҳона аст.

Дастгоҳи дипломасии Русия низ таъйид кард, ки сафири ин кишвар дар Варшава тавассути вазорати хориҷа эҳзор шуда аст ва вазорати хориҷа Русия гуфта аст, ки Маскав ба сурати мутаносиб ба ихроҷҳои мавриди интизор посух хоҳад дод.

МаскавПолшаРусия
Comments (0)
Add Comment