Низомиёни саҳюнистӣ 20 Фаластиниро ба шаҳодат расонданд

Вазорати беҳдошти Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки низомиёни палид ва ҷинояткори режими манҳуси саҳюнистӣ, тайи соли ҷории милодӣ 20 Фаластиниро дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ба шаҳодат расонидаанд.

 

Вазорати беҳдошти Фаластин бо судури баёнияе эълом кард, ки низомиёни палид ва ҷинояткори режими манҳуси саҳюнистӣ, тайи соли ҷории милодӣ 20 Фаластиниро дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ба шаҳодат расонидаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Аявм”, вазорати беҳдошти Фаластин баёнияеро дар хусуси иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳои ҷинояткор алайҳи Фаластиниёни мазлум мунташир кард. Ин вазоратхона иқдоми саҳюнистҳо дар ба шаҳодат расонидани 3 фаластинӣ дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ тайи имрӯз сешанберо маҳкум кард.

Бар асоси ин гузориш, дар баёнияи вазорати беҳдошти Фаластин омада аст: бо шаҳодати 3 шаҳрванди Фаластинии дигар тавассути низомиёни палиди саҳюнистӣ, шумори афродеро ки аз ибтидои соли ҷории милодӣ тавассути ин режими манҳус ва ҷинояткор ба шаҳодат расидаанд ба 20 нафар расид.

Гуфтанӣ аст, низомиёни палиди саҳюнистӣ имрӯз сешанбе 3 Фаластиниро дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ба шаҳодат расонданд. Дар ҳамин иртибот, манобеи фаластинӣ эълом карданд: дар ҷараёни ҳамлаи бомдоди имрӯзи низомиёни ишғолгари саҳюнист ба урдугоҳи Балата дар шарки Наблус, як навҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расид.

Ин манобе эълом карданд: навҷавоне ки ба дасти низомиёни хунхори саҳюнист ба шаҳодат расид Нодир Ҳайсам Риён ном дошт, ки 17 сола буд. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки нафари дувум низ дар ҷараёни ҳамла саҳюнистҳо ба минтақаи “Раҳт”, воқеъ дар арозии ишғолии соли 1948 ба шаҳодат расида аст.

Нафари сеюм ҳам, ки тавассути саҳюнистҳои палид ба шаҳодат расид “Алоъ Шаҳом” ном дошт. Ин ҷавони 24 солаи фаластинӣ дар пайи даргириҳои урдугоҳи Қаландия дар Қудси ишғолӣ ба зарби гулулаи ишғолгарони палиди саҳюнистӣ ба шаҳодат расид ва ҷон ба ҷонофарин супурд.

Қудси ишғолӣНаблуссаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment