Исроил мавлуди номашрӯъ аст; Туркия мутаноқиз рафтор мекунад

Ҷиҳоди Исломӣ, дар вокуниш ба истиқбол аз раиси режими саҳюнистӣ дар Анкара эълом кард, рафторҳои Туркия таноқуз дорад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Исҳоқ Ҳерзог” раиси режими саҳюнистӣ чаҳоршанбе ҳафтаи гузашта пас аз сездаҳ сол қатъи зоҳирии равобити Анкара ва Телавив вориди Туркия шуд.

Дар ҳамин робита “Ҳайсам Абулғазлон”, дабири кулли равобити ҷумбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Лубнон ба вебгоҳи хабарии “Ал-Аҳд” гуфт, истиқбол аз раиси режими саҳюнистӣ дар Туркия башиддат маҳкум аст.

Вай тасреҳ кард, миллати Туркия ҳамвора ҳимояти номаҳдуди худ аз ормони Фаластинро эълом карда, аммо Муттаассифона давлати Туркия манофеъ ва аҳдофи худро дорад ва гумон мекунад, ки беҳбуди равобит бо Вашингтон аз масири Телавив мегузарад, аммо ин хатари бузург барои Анкара аст.

Ҳайсам Абулғазлон афзуд, талош барои бозгардондани равобит бо душман ба баҳонаи манфиати ин кишвар ё он кишвар, хиёнат ба Қудс ва Фаластин аст.

“Каид Ал-Ғул”, узви дафтари сиёсии ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин ҳам гуфт, равобит миёни Туркия ва ва режими саҳюнистӣ алорағми танишҳои сиёсӣ дар мақотеъи мухталиф, қатъ нашуда буда ва ҳамкории иқтисодӣ, дипломатик ва амниятӣ идома дошта аст.

Вай афзуд, навъи таноқуз дар сиёсатҳои Анкара вуҷуд дорад, давлати ин кишвар дар замоне ки бо режими саҳюнистӣ ва аъзои НАТО дар сиёсатҳои хасмона алайҳи миллатҳои минтақа ҳамроҳ аст, муътақид аст, ки дарвозаи наздикӣ ба кишварҳои арабӣ, ҷазби миллатҳои онҳо ва нуфӯз ба эҳсосоти онҳо, ҳимоят аз ормони Фаластин аст ва ин ҳамон чизе аст, ки дар расонаҳо таблиғ мешавад, аммо дар амал хилофи он рафтор мешавад.

“Юсуф Ал-Ҳасайна”, узви дафтари сиёсии Ҷиҳоди Исломӣ низ гуфт, «Исроил» мавлуди номашрӯъи ҳосил аз зинои миёни кишварҳои истиъморӣ ғарб аст ва ҳаргуна робита ё одисозӣ равобит бо ин режими палид, қабули ин ҷиноят аст.

Бар асоси гузориши “Фаластин Ал-Явм”, вай афзуд, саҳнаҳои истиқбол аз сарони режими палиди саҳюнистӣ дар пойтахтҳои арабӣ ва исломӣ, ки ҷадидтарини он дар Туркия будро абадан наметавон тавҷеҳ ва наметавон қабул кард. Инҳо ханҷарзадан ба пушти миллати Фаластин, миллатҳои минтақа ва озодагони ҷаҳон аст ва нанге аст, ки ҷуз бо аз байн рафтани комили режими хунхори саҳюнистӣ дар минтақа, пок намешавад.

АнкараРежими саҳюнистӣТуркияФаластинҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment