Дидори мақоми тоҷик бо намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ

Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар мавриди густариш ва тақвияти бахши хусусӣ гуфтугӯ карданд.

Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар ин кишвар дар мавриди густариш ва тақвияти бахши хусусӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши манбаъ :

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамвора вазъият ва амалкарди бахши хусусӣ дар Тоҷикистонро зери назар дошта аст. Ин ниҳоди байналмиллалӣ 4 феврали соли 2021 дар гузорише молиётро муҳимтарин мушкили бахши хусусӣ дар Тоҷикистон унвон кард.

  • Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2020 Тоҷикистонро аз назари дарёфти молиёт дар ҷойгоҳи 139 ҷаҳон қарор дод. Ин ба он маъно аст ки Тоҷикистон дар қиёс бо аксари қариб ба иттифоқи кишварҳои ҷаҳон барои фаъолиятҳои иқтисодӣ молиёти зиёд дарёфт мекунанд.
  • Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи Бозаргони ва саноати Тоҷикистон ва Озон Сумилӣ, намояндаи доими Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон роҳҳои ҳимоят аз бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ин кишварро барраси карданд.
  • Сумилӣ аз талоши утоқи бозаргони ва саноати Тоҷикистон барои ҳимоят аз бахши хусусӣ ибрози хурсандӣ кард ва гуфт: Тавсеаи бахши хусусӣ дар ҳамаи кишварҳои пешрафта дар авлавият қарор дорад ва Душанбе низ барои ин ҳавза аҳамияти ҷиддӣ қоил аст.

Дар поён ҳар ду тараф ба ҳамкории бештар бо ҳадафи тавсеаи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ибрози тамоюл карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Дар Тоҷикистон теъдоди хонаводаҳое, ки хӯрдани ғизоро кам кардаанд, афзоиш ёфтааст, аммо Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯии тасаллибахш ироа додааст.

Тибқи гузориши ҷадиди Бонки Ҷаҳонӣ “Камбағалӣ дар Тоҷикистон – 2021”, дар ҷумҳурӣ мизони каме аз коҳиши фақр пешбинӣ шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ дар соли ҷорӣ коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо соли 2019 0,1% пешбинӣ кардааст. Ҳамин тариқ, дар соли 2021 шумораи камбизоатон дар ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон дар ин гузориш қайд мекунанд, ки дар нимаи дуюми соли 2020 рифоҳи иҷтимоию иқтисодии аҳолии Тоҷикистон пас аз хуруҷи коронавирус коҳиш ёфт.

Ба гуфтаи гузоришгарон, 9,2 фоиз боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар баробари кам шудани даромади музди меҳнат боиси коҳиши амнияти озуқаворӣ гардид.

Ҳиссаи хонаводаҳое, ки дар бораи коҳиши хӯрдани ғизо гузориш додаанд, дар моҳи августи соли 2021 то 33% зиёд шуда, дар ҳоле ки дар моҳи август ин шохис ба 28% мерасид.

Илова бар ин дар моҳҳои январ-август бахше аз хонаводаҳое, ки даромади расмӣ аз музди меҳнат доранд, то 1% коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2 дарсад камтар аст.

Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, бо сабук шудани маҳдудиятҳо барои хуруҷ аз кишвар дар соли 2021 теъдоди бештари муҳоҷирони корӣ ба хориҷ рафтанд. Аз ин рӯ, ҳиссаи хонаводаҳое, ки маблағҳои интиқолӣ мегиранд, тадриҷан аз 11 то 16 фоиз афзуд.

Аз нигоҳи афзоиши воқеии ММД, он дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 8,7 фоиз афзуд.

Гуфта мешавад, ки соли 2020 дар чаҳорчӯби тарҳи маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ ба 65 ҳазор оилаи камбизоат, ки кӯдакони то 3-сола доранд, ба маблағи 32,5 миллион сомонӣ (2,8 миллион доллар) ҷуброни пулӣ дода шуд.

 

Бонки ҷаҳонӣгузоришТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment