Ташрифи шаҳрдори Теҳрон ба шаҳри Душанбе

Шаҳрдори Теҳрон дар раъси як ҳайат бо ҳадафи ширкат дар шашумин нишасти Маҷмаи умумии шаҳрдорони осиёӣ ба Душанбе ташриф овардааст.

Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон, пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайат бо ҳадафи ширкат дар шашумин нишасти Маҷмаи умумии шаҳрдорони осиёӣ ба Душанбе ташриф овардааст.

Алиризо Зоконӣ дар раъси ҳайтае муташаккил аз шаҳрдорони Машҳад, Қазвин, Кирмон, Арок, Кирмоншоҳ ва бархе мақомоти шаҳрдориҳои мазкур барои ширкат дар шашумин нишасти Маҷмаи умумии шаҳрдорони осиёӣ вориди Душанбе шудааст ва мавриди истиқболи расмии мақомоти шаҳрдорӣ қарор гирифтааст.

Ин маҷмаъ, ки рӯзҳои 9-10 март бо шиори “сармояи иҷтимоии шаҳрӣ ва мушорикати умумӣ” баргузор мешавад, қарор аст дар мавриди мавзӯоте монанди “шаҳри ҳушманд”, “тобоварии шаҳрӣ, саломат ва балоҳо”, “ҳамлу нақл ва терофики шаҳрӣ”, зистпазирии шаҳрӣ, муҳити зист ва шаҳрҳои сабз”, “иқтисоди шаҳрӣ, сармоягузорӣ ва таъмини молии шаҳрдорӣ”, “фарҳанги шаҳрӣ ва шаҳрҳои навофарин”, “ҷавонон, хонавода ва занон”, “шӯрои шаҳр” ва “пажӯҳиш ва навоварии шаҳрӣ” баҳс ва табодули афкор шакл мегирад.

Маҷмаи шаҳрдорони осиёӣ дар соли 2008 ба унвони як созмони байналмилалии ғайридавлатӣ эҷод шудааст ва ҳадафи он густариши равобит байни шаҳрдорон ва раҳбарони шаҳрӣ дар Осиё аст.

Алиризо ЗоконӣТеҳронТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment