Афзоиши бесобиқаи шаҳрак нишинони саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ

Манбаъи расонаӣ, аз афзоиши 43 дарсадии ҷамъияти яҳудиён дар шаҳракҳои яҳудинишини Каронаи Бохтарӣ дар 10 соли ахир хабар дод.

Манбаъи расонаӣ, аз афзоиши 43 дарсадии ҷамъияти яҳудиён дар шаҳракҳои яҳудинишини Каронаи Бохтарӣ дар 10 соли ахир хабар дод.

Ба гузориши манбаъ ба нақл аз рузномаи Ашшарқул Авсат, шӯрои шаҳракҳои яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ дар гузориши солонаи худ эълом кард, теъдоди шаҳракнишинони саҳюнист фақат дар Каронаи Бохтарӣ дар ҳоли ҳозир ба 491 ҳазору 923 нафар расида аст, ки дар 150 шаҳрак сокин ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, ин рақамҳо нишон медиҳад дар даҳ соли гузашта ва дар давраи нахуствазирии Бинямин Натаняҳу, теъдоди шаҳракнишинон 43 дарсад афзоиш ёфта аст.

Дар ин гузориш омада аст, бархе шаҳракҳо дар соли ахир шоҳиди афзоиши ҷамъияти 92 дарсади буда аст.

Девид Алҳиёнӣ, раиси шӯрои шаҳракҳои яҳудинишин гуфт: Имсол аз марзӣ ним миллион шаҳракнишин убур хоҳем кард ва барои таҳаққуқи ҳадафи як миллион шаҳракнишин дар Каронаи Бохтари то қабл аз поёни даҳаи кунунӣ омода мешавем.

Бар асоси қавонини байналмиллалӣ, шаҳраксозиҳои Исроил ғайри қонунӣ аст ва қатномаҳои Шӯрои Амният ва маҷмаъи умумии Созмони Миллал таъкид мекунад шаҳракҳои исроилии сохта шуда дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, ба манзалаи ҷинояти ҷангӣ аст.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар баёнияе, тахриби манозили маскунии мардуми мазлуми Фаластин тавассути шаҳрак нишинони палиди саҳюнистро маҳкум кард.

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар умури Фаластин дар паёми Тветарӣ навишт: «бар дархости худ барои таваққуфи тахриб ва ҳаргуна иқдоми ғайриқонунии дигар, ки муҷиби берун рондани Фаластиниён аз хонаҳояшон шавад таъкид мекунем».

Дар ин паёми Тветарӣ омада аст: «ин тахриби манозил тибқи қавонини байналмилалӣ, ғайриқонунӣ буда ва ба мизони чашмгире чашмандози сулҳи пойдрро тазъиф мекунад».

Ин баёния бо ишора ба омори дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид меафзояд, зарфи 9 моҳи аввали соли 2021 дар муқоиса бо бозаи замонии мушобеҳ дар соли 2020, мизони тахриби манозили Фаластинён 21 дарсад афзоиш ёфта аст ва бехонумон шудани онҳо низ 28 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба гуфта ин ожонс, фақат дар рӯзи панҷшанбе ҳафтаи гузашта бисту ду фаластинӣ аз ҷумла понздаҳ кӯдак манозили худро аз даст додаанд.

“Фуод Ал-Ҳадмӣ”, вазири умури Қудс дар ташкилоти худгардони Фаластин рӯз панҷшанбе гуфт, ки тарҳҳои шаҳраксозии режими касифи саҳюнист, суномии ҷунун омез аст.

Рӯзномаи лектронии “Roya Alium”, ба нақл аз Фуод Ал-Ҳадмӣ гузориш дод, режими саҳюнистӣ дар ҳоли иҷрои чанд пружаи бузурги шаҳраксозӣ дар шимол, ҷануб ва шарқи Қудси ишғолӣ аст.

Вай гуфт, ки ҳадафи режими саҳюнистӣ аз иҷрои ин пружаҳо, ҷудо кардани ин шаҳр аз маҳдудаи Фаластинии он дар Карона Бохтарӣ аст.

Аз сӯи дигар, рӯзномаи “Ҳооретс” навишт, шаҳрак нишинони саҳюнистӣ тайи панҷ соли ахир бар 21 ҳазор дунам (ҳар дунам тақрибан муодили ҳазор метр) яъне масоҳати муодили 2100 ҳектор аз арозии Фаластиниён дар Каронаи Бохтарро тасарруф кардаанд.

Дар идомаи ин гузориш таъкид шуда, шаҳрак нишинони саҳюнистӣ ба таҷовуз, хушунат ва амалиётҳои террористӣ алайҳи соҳибони Фаластинии заминҳо даст ме‎зананд то бо эҷоди руъб ва ваҳшат, онро ворид ба оворагии иҷборӣ ва адами кишти маҳсул кунанд.

 

афзоишКаронаи Бохтарӣсаҳюнист
Comments (0)
Add Comment