Даъвати Тоҷикистон аз Уммон барои сармоягузорӣ дар ин кишвар

Тоҷикистон салтанати Уммонро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват кард.

Тоҷикистон салтанати Уммонро барои ташкили корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар даъват кард.

Ин мавзӯъ дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо сафирони тозатаъйини Уммон Иброҳим ибни Аҳмад ал-Муайнӣ дар Тоҷикистон матраҳ шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бахусус зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Ҳазамон дар идомаи мулоқот вобаста ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли обҳои минералӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳия ва ба имзо расонидани ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Абдураҳмонзода пешниҳод намуд, ки аз ҷониби сармоягузорони уммонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба корхонаи коркади нафти ҶДММ “ТК Ойл” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ва таъмини нафти хом бо шартҳои имтиёзнок барои коркарди минбаъдаи он мусоидат сурат гирад.

Гуфта мешавад, ин пешниҳоди аз ҷониби сафир хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда баён намуданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори эҷоди ширкатҳои муштараки тавлиди маҳсулоти ғизоӣ бо Эрон дар манотиқи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Паринози Пешдодиён, раиси Маркази тиҷории “Фикри бартар”-и Эрон дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати иқтисод ва савдои кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар ин дидор ба тарафи Эрон барои боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштараки истеҳсоли обҳои минералӣ, инчунин хамираи помидор ва консервабарорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таъсис диҳанд.

Пешдодиён дар навбати худ аз пешниҳоди тарафи тоҷикистонӣ истиқбол ва хотирнишон кард, ки ин ибтикор боиси тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодии ду кишвар хоҳад шуд.

Тарафайн ҳамчунин масоили марбут ба таҳия ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистону маркази тиҷории “Фикри бартар”-и Эрон ва мавзуоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол зимни дидор муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 гардиши молии байни Эрону Тоҷикистон ба 93,2 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,6 миллион доллар бештар аст.

Саҳми тиҷорати мутақобил бо Эрон дар кулли гардиши молии Тоҷикистон тайи ин давра 1,7 дарсад буда ва дар сохтори тиҷорати хориҷӣ ин кишвар дар ҷойгоҳи нуҳум қарор дорад.

 

сармоягузорӣТоҷикистонУммон
Comments (0)
Add Comment